Мантиқ

Акнун формулаи мазкурро бо ёрии ҷадвали сементикӣ месанҷем:
р q ┐р ┐q р→q (р →q) ┐р ((р →q) ┐р) →┐q
ҳ ҳ д д ҳ д ҳ
ҳ д д ҳ д д ҳ
д ҳ ҳ д ҳ ҳ д
д д ҳ ҳ ҳ ҳ ҳ
Аз ҷадвал маълум мешавад, ки формулаи мазкур айнан ҳақ ё худ қонуни мантиқ намебошад, зеро қимати аломати асосӣ, яъне импликатсия дар қатори сеюми сутуни охирин дурўғ мебошад. Бинобар ин, натиҷагириии мазкур нодуруст аст.
Яке аз шаклҳои дурусти натиҷагириҳои шартию қатъӣ, схемаи зерин мебошад:
р⊃q, p q Схемаи мазкурро modus ponens («модуси тасдиқӣ») меноманд. Дар ин навъи натиҷагирӣ, мо аз тасдиқи антеседент (р) –и ҳукми шартии (р⊃q) ба тасдиқи консеквент (q) мегузарем. Схемаи мазкур ин тавр хонда мешавад:
«Агар аз р ҳукми q барояд, ва р чой дошта бошад, пас q низ чой дорад».
Масалан:
Агар суд ҷабрдида бошад, он гоҳ ў дар мурофиаи судӣ иштирок карда наметавонад.
Маълум шуд, ки суд ҷабрдида аст.
Ў дар мурофиаи судӣ иштирок намекунад.
Дигар шакли дурусти натиҷагирии шартию қатъӣ modus tollens («модуси инкорӣ») мебошад, ки схемаи он чунин аст:
р ⊃ q, ┐q
┐р
Схемаи мазкур ин тавр хонда мешавад: «Агар аз ҳукми р ҳукми q барояд ва q ҷой надошта бошад, р низ чой надорад».
Натиҷагирии мунфасилаи қатъӣ. Дар натиҷагирии мунфасилаи қатъӣ яке аз муқаддимаҳо ҳукми мунфасила (дизъюнктивӣ) буда, муқаддимаи дигар ва натиҷа ҳукми қатъӣ (атрибутивӣ) мебошанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё