Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Дар амалиёти айбдоршаванда намуди ҷиноятҳо мувофиқи м. 157 ё мувофиқи м.160 КҶ ҶТ дида намешавад.
Айбдоршаванда ба қалобӣ ё ки ба тамаъҷўӣ машғул нашудааст.

Барои он, ки дар натиҷагириҳои шартию мунфасил ҳамеша натиҷаи ҳақ гирифта шавад, бояд қоидаҳои зерин риоя шаванд:

  1. Дар дилеммаи барпокунанда муҳокима бояд аз тасдиқи асос ба сўи тасдиқи натиҷа сурат гирад.
    Дар дилеммаи вайронкунанда бошад, аз инкори натиҷа ба сўи инкори асос сурат мегирад. Муҳокимае, ки дар он аз инкори асос ба инкори натиҷа ё худ аз тасдиқи натиҷа ба сўи тасдиқи асос сурат мегирад, на ҳама вақт натиҷаи боварибахш медиҳад.
  2. Дар муқаддимаи мунфасила бояд ҳамаи ҳолатҳои имконпазир пешбинӣ шаванд.
    Чунинанд навъҳои асосии натиҷагирии шартию мунфасила.
    Қоидаҳои натиҷагирии мантиқи гуфтор (системаи натуралӣ). Дар ин ҷо, мо усули дигари натиҷагириро баён мекунем, ки он низ тавассути мантиқи гуфтор сурат мегирад. Дар натиҷагирии мазкур, мисли натиҷагирии ҷадвалӣ, на сохти дохилии ҳукмҳои содда, балки робитаи байни ҳукмҳои содда ба назар гирифта мешавад. Аз усулҳои гуногуни ин навъи натиҷагирӣ усули системаи натуралӣ бештар маъмул аст. Мо низ қарор дорем, ки маҳз ҳамин системаро барои хонандагон пешкаш намоем. Ин система барои он натуралӣ номида мешавад, ки дар он тарзи натиҷагирию исбот бо муҳокимаҳои забони табиӣ, (масалан, забони тоҷикӣ) хеле наздик аст. Аз тарафи дигар, агар дар натиҷагирии аксиоматикӣ, дар қатори муқаддимаҳои мазмунан мушаххас, қонунҳои мантиқ (аксиомаҳои система) низ истифода шаванд, натиҷагириву исботи системаҳои таби, фақат дар асоси қоидаҳои мантиқ сурат мегиранд. Дар баъзе мавридҳо, ба ғайр аз муқаддимаҳои додашуда, муваққатан фарзияҳо низ истифода мешаванд. Вале дар охири натиҷагирӣ бо ёрии қоидаҳои ғайримустақим фарзияҳои мазкур аз қатори муқаддимаҳо хориҷ мешаванд.
    Одатан қоидаҳои натиҷагирии мантиқи гуфторро ба қоидаҳои асосӣ ва ғайриасосӣ (яъне ёрирасон) ҷудо менамоянд. Қоидаҳои асосӣ ниҳоят сода буда, мазмунан аёнанад ва системае, ки аз онҳо тартиб дода мешавад, бояд талаботи пуррагиро қонеъ намояд. Бо ибораи дигар, онҳо бояд ҳамаи қоидаҳои имконпазири натиҷагирии мантиқи гуфторро муайян намоянд.
    Қоидаҳои ғайриасосӣ бошанд, аз қоидаҳои асосӣ бармеоянд.
    Қоидаҳои асосӣ ва ғайриасосӣ, дар навбати худ, ба қоидаҳои мустақим ва ғайримустақим ҷудо мешаванд. Агар тавассути қоидаҳои мустақим аз ҳукмҳои додашуда ҳукми нав бароварда шавад, пас қоидаҳои ғайримустақим имконият медиҳанд, ки дар асоси дурустии ягон хел натиҷагирӣ оид ба саҳеҳии натиҷагирии дигар сухан ронем.
пешина
аз 262
навбатӣ