Мантиқ

Масалан:
«Агар файласуф нахустин будани материя ва дуюмин будани шуурро эътироф намояд, пас вай материалист мебошад ва агар шуурро нахустин ва материяро дуюмин ҳисоб кунад, пас вай идеалист аст.
Файласуф метавонад эътироф намояд, ки материя нахустин аст ё шуур.
Файласуф ё ба гурўҳӣ материалистон дохил мешавад ё ба гурўҳи идеалистон».
Диллеммаи вайронкунандаи сода. Дар ин гуна диллема муқаддимаи шартӣ дорои як асос буда, аз вай ду натиҷаи имконпазир бармеояд.
Муқаддимаи мунфасила бошад, ҳар дуи натиҷаҳоро инкор менамояд, пас хулоса асосро инкор мекунад.
Формулаи он чунин аст:
Агар р бошад, он гоҳ q аст;
Агар р бошад, он гоҳ r аст.
на q ва на r мебошад_______ ё (р →q) (р →r), ┐qv┐r р намебошад ┐р
Масалан: Агар ҷумлаи грамматикӣ ҳукмро ифода кунад, пас вай ё ҳақ ё дурўғ мешавад.
Ин ҷумла на ҳақ ва на дурўғ аст.______________ Ин ҷумлаи грамматикӣ ҳукмро ифода намекунад.
Дилеммаи вайронкунандаи мураккаб. Дар дилеммаи мазкур муқаддимаи шартӣ дорои ду асос ва ду натиҷа мебошад. Муқаддимаи мунфасила ҳар дуи натиҷаро инкор мекунад. Хулоса бошад, ҳар дуи асосро инкор мекунад.
Шакли мантиқии он ин тавр аст:
Агар р бошад, пас q аст,
Агар r бошад, пас s аст.
На q ва на s мебошад ё (р→q) (r→s), ┐qv┐s
На р ва на r мебошад ┐рv┐r
Масалан: Агар айбдоршаванда ба қаллобӣ машғул шуда бошад, пас вай бояд мувофиқи М. 157 КҶ Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шавад.
Агар вай дар тамаъҷўӣ айбдор шуда бошад, пас бояд мувофиқи (м. 160 ҶТ) ба ҷавобгарӣ кашида шавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё