Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

5.Қоидаҳои хориҷ намудани импликатсия (ХИ):
А→В, А ( modus ponens)
В

Қоидаҳои мазкур яксоя бо қоидаҳои ғайриасосӣ:

A → B ┐B ( modus tollens)
┐A

дар қиёсҳои шартию қатъӣ истифода мешаванд. Лекин, схемаҳои зерин дар мантиқи гуфтор қоидаҳои натиҷагирӣ нестанд:

A →B, ┐A ва A→B,B
┐B A

  1. Қоидаҳои дохил намудани эквиваленсия (ДЭ):

А→В, В→А
А ≡ В

  1. Қоидаи хориҷ намудани эквиваленсия (ХЭ):

А≡В ва А≡В
А→В В→А

  1. Қоидаи дохил намудани инкори дукарата (ДИД):
    А ┐┐A

  2. Қоидаи хориҷ намудани инкори дукарата (ХИД):

┐┐A
A

Қоидаҳои ғайримустақими асосӣ:
1.Қоидаи дохил намудани импликатсия (ДИ):

Г, А├В
Г├А→В
Қоидаи мазкур ин тавр шарҳ дода мешавад:

Г (маҷмўи муқаддимаҳо)

А (фарзияи иловагӣ)
.
.
.
В

А→В

Ҳангоми кор фармудани қоидаи ДИ ва баъзе қоидаҳои дигар қавсхои уфуқиро истифода мебаранд, ки дар дохили онҳо фарзияҳои иловагӣ ва натиҷаҳои аз онҳо бароянда ҷойгир мешаванд. Ифодаҳои дохили қавсҳо унсурҳои иловагии ёридиҳанда мебошанд, ки пас аз анҷоми натиҷагирӣ аз қатори муқаддимаҳо хориҷ мешаванд.
Қоидаи ДИ ин тавр таъбир мешавад: агар аз маҷмўи муқаддимаҳо-Г (маҷмўи мазкур шояд холӣ ҳам бошад) ва муқаддимаи иловагии А чун натиҷа ягон ҳукми В бароварда шавад, пас аз Г импликатсия А→В низ бармеояд.
3. Қоидаи то ба дараҷаи сафсата ё бемаънӣ – муҳол (абсурд) расондан:

Г, А├В, Г, А├┐B
-------------------------------- (reduction ad adsurdum)
Г├ℸА

Формулаи мазкурро қоидаи дохил намудани инкор /ДИ/ низ меноманд.
Вайро ин тавр шарҳ додан мумкин аст:
Г (маҷмўи муқаддимаҳо)

А (муқаддимаи иловагӣ)
.
.
.
В ┐В

┐А Ин чунин маъно дорад, ки: агар аз маҷмўи муқаддимаҳо-Г (маҷмўи мазкур шояд холӣ ҳам бошад) ва муқаддимаи иловагии А ҳангоми баровардани натиҷа ду ҳукми бо ҳам зид В ва ┐В ба миён оянд, пас бояд фарзияи мазкур ҳамчун фарзияи дурўғ рад шуда, инкори вай ┐А ҳақ дониста шавад.

пешина
аз 262
навбатӣ