Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Ҳамин тариқ, «мураббаи мантиқӣ» ҳамчун усули оддитарини тафаккур имконият медиҳад, ки аз ҳукмҳои додашуда ҳукмҳои навъ бароварда шавад.
Табдил - чунин навъи натиҷагирии бевоситаест, ки дар натиҷаи он ба ҷои субъектсубъекти муқаддима, ба ҷои предикатмафҳуми ба предикати муқаддима зид гузошта мешавад. Бинобар ин, сифати ҳукм тағйир ёфта, аз ҷиҳати миқдор тағйир намеёбад. Яъне аз муқаддимаи тасдиқӣ натиҷаи инкорӣ ва баръакс, аз муқаддимаи инкорӣ натиҷаи тасдиқӣ бармеояд. Бо ибораи дигар гўем, ба ҷои муносибати S ва Р, ки дар муқаддима таъкид гардидааст, дар натиҷа муносибати S ва ғайри Р муайян мешавад.
Ҳукми куллии тасдиқӣ (А) ба куллии инкорӣ (Е) табдил мешавад, ки предикати (Е) инкорӣ мебошад:

Ҳамаи S-Р аст.
Ҳеҷ як S ғайри – Р нест.

Масалан, «Ҳамаи муфатишҳо ҳуқуқшиносанд», пас «Ҳеҷ як муфатиш ғайри ҳуқуқшинос шуда наметавонад».
Ҳукми куллии инкорӣ (Е) ба куллии тасдиқӣ (А) табдил мешавад:

Ҳеҷ як S-Р нест.
Ҳамаи S ғайри –Р аст.

Масалан, «Ҳеҷ як материалист донисташавандагии оламро инкор намекунад», пас «Ҳамаи материалистон донисташавандагии оламро эътироф мекунанд»
Ҳукми ҷузъии тасдиқӣ (I) ба ҷузъии инкорӣ (О) табдил мешавад.

_Баъзе S-Р аст.
Баъзе S ғайри –Р нест.

Масалан, «Баъзе кирдорҳо ҷиноят аст», пас «Баъзе кирдорҳо ғайри ҷиноят нест». Ҳукми ҷузъии инкорӣ (О) ба ҷузъии тасдиқӣ (I) табдил мешавад:
Баъзе S - Р нест.
Баъзе S – ғайри Р аст.

пешина
аз 262
навбатӣ