Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Масалан, «Баъзе файласуфон диалектик нестанд», пас «Баъзе файласуфон ғайри диалектик мебошанд»
Акс – чунин навъи натиҷагирии бевосита мебошад, ки дар натиҷаи он ба ҷои субъект предикати муқаддима ва ба ҷои предикат субъекти муқаддима гузошта мешавад. Дар натиҷа, сифати ҳукм тағйир намеёбад, яъне ҳукми тасдиқӣ ба тасдиқӣ ва инкорӣ ба ҳукми инкорӣ акс мешавад.
Ҳукми куллии тасдиқӣ (А) ба ҷузъии тасдиқӣ (I) акс мешавад.

Ҳамаи S - Р аст.
Баъзе Р - S аст.

Масалан, ҳукми «Ҳамаи адвокатҳо ҳуқуқшиносанд» ба ҳукми «Баъзе ҳуқуқшиносон адвокат мебошанд» акс мешавад. Ин гуна аксро «акси маҳдуднок» меноманд, чунки дар натиҷа ҳаҷми предикати муқаддима маҳдуд шудааст. Дар чунин ҳолат, ҳукм аз ҷиҳати миқдор тағйир меёбад.
Агар дар муқаддима, ҳаҷми субъект ва предикат баробар бошад, он гоҳ, ҳукми куллии тасдиқӣ ба куллии тасдиқӣ акс мешавад. Масалан, ҳукми «Ҳар гуна ҷиноят, қонуншикании ҷиноӣ мебошад» ба ҳукми «Ҳар гуна қонуншикании ҷиноӣ, ҷиноят аст» акс мешавад. Ин гуна аксро «акси соф»
меноманд.
Ҳукми куллии инкорӣ (Е) ба куллии инкорӣ (Е) акс мешавад:

Ҳеҷ як S - Р нест.
Ҳеҷ як Р - S нест.

Масалан, ҳукми « Ҳеҷ як ҷанги истилогарона ҷанги боадолат нест» ба ҳукми « Ҳеҷ як ҷанги боадолат ҷанги истилогарона намебошад» акс мешавад.
Ҳукми ҷузъии тасдиқӣ (I) ба ҷузъии тасдиқӣ (I) акс мешавад:

Баъзе S-Р аст.
Баъзе Р-S аст.

Масалан, ҳукми «Баъзе гурбаҳо сиёҳ мебошанд» ба ҳукми «Баъзе ҳайвонҳои сиёҳранг гурбаҳо мебошанд» акс мешавад. Лекин акси ҳукмҳои ҷузъии тасдиқӣ, баъзан «бо афзоиш»-и миқдор сурат мегирад. Масалан, ҳукми «Баъзе одамон шоиранд» ба ҳукми «Хамаи шоирон инсонанд» акс мешавад.
Ҳукми ҷузъии инкорӣ (О) акснашаванда аст. (Санҷида бинед, ки ҳукми «Баъзе одамон шоир нестанд» акс мешавад ё не).

пешина
аз 262
навбатӣ