Мантиқ

Акс напазируфтани ҳукми ҷузъии инкорӣ ба яке аз қоидаҳои муҳими мантик алоқаманд мебошад. Дар боби «Ҳукмҳо» мо қоидаи зеринро баён карда будем: «Истилоҳе, ки дар муқаддима тақсимнашаванда аст, бояд дар натиҷа ҳам тақсим нашавад». Риоя нашудани қоидаи мазкур боиси беасос васеъ шудани ахбор мегардад. Зеро, ки дар ҳукми ҷузъии инкорӣ S тақсимнашаванда аст, ҳангоми акс вай ба ҷои Р омада таксимшаванда мегардад. Бинобар ин, ин гуна ҳукмҳоро акс кунонидан мумкин нест.
Муқобилгузорӣ ба предикат, навъи натиаҷагирии бевоситаест, ки дар он ба ҷои субъекти натиҷа мафҳумеро мегузоранд, ки вай ба предикати муқаддима зид мебошад. Ба ҷои предикати натиҷа, субъекти муқаддима гузошта мешавад. Ҳангоми муқобилгузор, ба предикат сифати ҳукмҳо тағйир меёбад.
Ҳукми куллии тасдиқӣ (А) ба ҳукми куллии инкорӣ (Е) мубаддал мешавад:
Ҳамаи S-Р аст.
Ҳеҷ як ғайри Р-S нест.
Масалан, «Ҳамаи ривоятҳо исботнашавандаанд», пас «Ҳеҷ як фикри исботшаванда ривоят нест».
Аз ҳукми куллии инкорӣ (Е), ҳукми ҷузъии тасдиқӣ (I) бармеояд:
Ҳеҷ як S- Р нест.
Баъзе ғайри Р-S аст.
Масалан, «Ҳеҷ як шахси танбал сазовори таъриф нест», пас «Баъзе шахсоне, ки сазовори таъриф нестанд, танбал мебошанд».
Аз ҳукми ҷузъии инкорӣ (О), ҳукми ҷузъии тасдиқӣ (I) бармеояд:
Баъзе S-Р нест.
Баъзе ғайри Р-S аст.
Масалан, «Баъзе шоҳидон шахсони ба балоғат расида нестанд», пас «Баъзе шахсони ноболиғ шоҳидонанд».
Аз ҳукми ҷузъии тасдиқӣ тавассути муқобилгузорӣ ба предикат натиҷаи дуруст барнамеояд.
Дар натиҷагирии бевосита мо ҳукмҳоро ба он мақсад дигаргун месозем, ки ба ҳамон як чиз аз нуқтаи назари гуногун нигоҳ кунем. Дар ҳама гуна шаклдигаргунӣ мо бояд дар хотир дошта бошем, ки муқаддима ва натиҷаи натиҷагирии бевосита шаклҳои ба ҳам эквиваленти як ифода мебошанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё