Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Истифодаи дурусти навъҳои натиҷагирии бевосита имконият медиҳад, ки ҳангоми исботу муҳокимаҳои гуногун, мубҳамию духўрагии фикрҳо бартараф шавад. Дар натиҷа, мазмуни ҳукмҳо саҳеҳу равшан мегардад.
Муқобилгузорӣ ба субъект гуфта чунин навъи натиҷагирии бевоситаро меноманд, ки дар он ба ҷои субъекти натиҷа предикати муқаддима гузошта шуда, ба ҷои предикати натиҷа истилоҳе гузошта мешавад, ки ба субъекти муқаддима зид аст. Дар натиҷа сифати ҳукмҳо тағйир меёбад.
Масалан, «Баъзе материалистон метафизиканд», пас «Баъзе метафизикҳо ғайриматериалист нестанд».

Баъзе S-Р аст.
Баъзе Р ғайри S нест.

Натиҷагирии мазкур муқобилгузорӣ ба субъект мебошад.
Одатан, дурустӣ ё нодурустии натиҷагирии бевоситаро тавассути доираҳои Эйлер санҷидан лозим аст. Дар муқаддимаи натиҷагирии болоӣ гуфта шудааст, ки баъзе унсурҳои ҳаҷми истилоҳи S ба ҳаҷми истилоҳи Р дохил шудааст. Азбаски калимаи «баъзе» дар маънои «ақаллан баъзе, метавонад ҳамааш бошад» кор фармуда мешавад, бинобар ин дар байни S ва Р чор ҳолат ҷой доштанаш мумкин аст.
Ибни Сино тамоми навъҳои натиҷагирии бевоситаро мавриди баррасӣ қарор додааст. Масалан, дар «Китоб ушшифо» муқобилгузорӣ ба предикатро таҳқиқ намудааст. Натиҷагирӣ аз рўи мураббаи мантиқиро қариб дар ҳамаи таълифоташ доир ба мантиқ таълифнамудааш васеъ истифода бурдааст.
Аксро низ дар ҳамаи китобҳои мутафаккир дучор кардан мумкин аст.
Дар «Ишорот ва танбеҳот» гуфтааст: «Акс он бошад, ки маҳмул дар қазият мавзўъ кунад ва мавзўъ маҳмул, чунон, ки салбу эҷобу сидқ ва
1 кизб бар ҳоли хеш бошад».

§ 5. Қиёси (силлогизм)-и содаи қатъӣ.

Яке аз навъҳои маъмултарини натиҷагирии бавоситаи дедуктивӣ- қиёс мебошад. Азбаски муқаддимаҳои қиёс ҳукмҳои гуногун шуда метавонанд, бинобар ин қиёс якчанд хел мешавад: қиёси содаи қатъӣ, қиёси муттасила, қиёси мунфасила, қиёси шартӣ ва шартии мунфасила.

Абўали ибни Сино. Осори мунтахаб. Ҷ1. с163 Мо дар ин ҷо фақат қиёси содаи қатъиро аз назар мегузаронем, ки муқаддимаҳои вай аз ҳукмҳои атрибутивӣ иборатанд.

пешина
аз 262
навбатӣ