Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Фарқи қиёс аз навъҳои дигари натиҷагирӣ аз он иборат аст, ки:

  1. қиёс фақат аз ду муқаддима таркиб меёбад; 2. дар он сохти дохилии ҳукмҳои сода ба инобат гирифта мешавад; 3. муносибати байни муқаддима ва натиҷа аз рўи муносибати се ҳад (истилоҳ) муайян мегардад.
    Барои мисол натиҷагирии зеринро аз назар мегузаронем:

Ҳамаи ҷиноятҳо сазовори ҷазо мебошанд.
Ришвахўри ҷиноят аст.
Ришвахўрӣ сазовори ҷазо мебошад.

Шакли мантиқии натиҷагирии мазкурро ошкор мекунем. Чи хеле ки мебинем, вай аз се ҳукм иборат аст, ки дутои он муқаддима ва яктоаш натиҷа мебошад. Ҳар як ҳукм дар навбати худ аз ду мафҳум иборат аст, ки онҳоро мо ба ҳад ишора менамоем. Ҳади якхела бо ҳарфҳои якхела ишора мешаванд.
Субъект ва предикати натиҷаро мувофиқаи бо ҳарфҳои S ва Р ва ҳадди дар муқаддимаҳо такроршавандаро бо ҳарфи М ишора карда, шакли зеринро ҳосил мекунем:

Ҳамаи М – Р аст.
Ҳамаи S – М аст.
Ҳамаи S – Р аст.

Шакли мантиқии ҳосилшуда қиёс аст, зеро вай аз ду муқаддима ва як натиҷа иборат аст. Муқадимаҳо аз ҳадҳо (мафҳумҳо) – е таркиб ёфтанд, ки яке аз онҳо барои ҳар дуи муқаддима умумӣ мебошад. Ҳадде, ки дар муқаддимаҳо такрор мешавад (М) – ҳадди миёна (авсат) номида мешавад.
Ҳадде, ки ба ҷои субъекти натиҷа меояд – ҳадди хурд (асғар) (S) ва ҳадде, ки ба ҷои предикати натиҷа меояд – ҳадди калон (акбар) (Р) ном дорад. Ҳадди хурд, калон ва миёна ҳадди қиёс номида мешаванд.
Муқаддимае, ки дар таркиби он ҳадди хурд иштирок менамояд, муқаддимаи хурд (суғро) меноманд ва муқаддимае, ки дар таркиби он ҳадди калон иштирок дорад, муқаддимаи калон (қубро) ном дорад. Ҳадҳои хурд (S) ва калонро (Р) якҷоя ҳадҳои канорӣ меноманд.
Ҳадди миёна (М) дар қиёс нақши муҳимро мебозад. Ин ҳад имконият медиҳад, ки дар натиҷа муносибати байни ҳадҳои канорӣ муқаррар карда шавад.

пешина
аз 262
навбатӣ