Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Акнун натиҷагирии зикршударо ҳамчун қиёс таъбир карда метавонем.
Аз рўи натиҷа муайян мекунем, ки S - «ришвахўрӣ» ҳадди хурд буда, Р – «сазовори ҷазо» ҳадди калон аст.
Ҳангоми муайян намудани ҳадҳои S ва Р дар муқаддимаҳо маълум мегардад, ки ҳадди миёна (М) мафҳуми «ҷиноят» -ро ифода мекунад. Ҳадди миёна дар ҳар ду муқаддима иштирок намуда, дар натиҷа муносибати байни ҳадҳои хурд ва калонро муайян мекунад. Бо ибораи дигар, маҳз ҳадди миёна боиси дар натиҷа васл шудани ҳадди хурд ва калон мегардад. Ҳадди миёна ҳеҷ гоҳ дар натиҷа набояд иштирок кунад.
Бо ҳамин тариқ, қиёсро чунин таъриф кардан мумкин аст:
Қиёс навъи натиҷагирии дедуктивиест, ки дар он муносибати ҳадди хурд ва калон (дар натиҷа) аз рўи муносибати ҳар яки онҳо бо ҳадди миёна (дар муқаддимаҳо) муайян мешавад.
Шаклҳои қиёс. Ҳадди миёна дар таркиби муқаддимаҳо ҷои гуногунро ишғол карда метавонад. Вобаста аз мавқеи ҳадди миёна дар муқаддимаҳо чор шакли қиёсро аз якдигар фарқ кардан лозим аст. Дар шакли якум ҳадди миёна ба ҷои субъекти муқаддимаи калон омада, дар муқаддимаи хурд ба ҷои предикат меояд. Қиёси зикршуда мисоли шакли якум мебошад.
М P

S M
S P

Барои он, ки дар шакли якум аз муқаддимаҳои ҳақ ҳамеша натиҷаи ҳақ бароварда шавад, бояд қоидаи зерин риоя шавад.
Қоидаи шакли якум: Муқаддимаи калон ҳукми куллӣ буда, муқаддимаи хурд – ҳукми тасдиқӣ бошад.
Ҳангоми риоя нашудани қоидаи мазкур аз муқаддимаҳои ҳақ натиҷаи дуруғ баромаданаш мумкин мебошад.
Масалан: Ҳамаи ҳуқуқшиносон мантиқро меомўзанд.
Каримов ҳуқуқшинос нест______
Каримов мантиqро наомöхтааст
Дар ин ҷо натиҷа метавонад ҳукми дурўғ бошад, зеро Каримов мебоист ҳамчун филолог ё таърихшинос ё бо ягон роҳи дигар мантиқро омўзад.
Нодурустии ин қиёсро бо ёрии доираҳои Эйлер нишон медиҳем. Маълум аст, ки қиёси мазкур шакли мантиқии зеринро дорад:

Ҳамаи М – Р аст. Р S
S – М нест.

пешина
аз 262
навбатӣ