Мантиқ

Баъзе S – Р нест.
М
Аз расм маълум мешавад, ки Каримов дар як ҳолат мантиқро омўхтааст ва дар ҳолати дигар – шахси мантиқро наомўхта мебошад.
Дар шакли дуюм ҳадди миёна дар ҳар ду муқаддима ба ҷои предикат меояд.
Р М
S М
S Р
Барои баровардани натиҷаи ҳақ аз муқадимаҳои ҳақ мувофиқи шакли дуюм, бояд қоидаи зерин риоя шавад.
Қоидаи шакли дуюм: Муқаддимаи калон ҳукми куллӣ буда, яке аз муқаддимаҳо бояд ҳукми инкорӣ бошад.
Мисоли дуруст:
Ҳамаи марксистҳо материалист мебошанд.
Баъзе намояндагони фалсафаи классикии немис материалист нестанд.
Баъзе намояндагони фалсафаи классики немис марксист нестанд.
Шакли мантиқии ин қиёс :
M S
Ҳамаи Р – М аст. P
Баъзе S - М нест.
Баъзе S - Р нест.
Аз расм мушоҳида мешавад, ки дар ҳакиқат, қисми бо хатҳои борик пур карда шудаи S ба ҳаҷми Р дохил нест. Пас, маълум шуд, ки қиёс дуруст будааст.
Мисоли нодуруст:
Ҳамаи марксистон – диалектик мебошанд.
Ҳамаи муаллифони ин китоб – диалектик мебошанд Ҳамаи муаллифони ин китоб марксист мебошанд.
Шакли мантиқии қиёс:
M
Ҳамаи Р – М аст.
S
Ҳамаи S – М аст.
P Ҳамаи S – Р аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё