Мантиқ

Аз расм маълум мешавад, ки қиёси мазкур нодуруст мебошад.
Дар шакли сеюм ҳадди миёна дар ҳар ду муқаддима ба ҷои субъект меояд.
М Р
М S
S Р
Қоидаи шакли сеюм: Муқаддимаи хурд ҳукми тасдиқӣ буда, натиҷа бояд ҷузъӣ бошад.
Масалан: Ҳамаи донишҷўён имтиҳон месупоранд.
Баъзе донишҷўён устодони варзиш мебошанд.
Баъзе устодони варзиш имтиҳон месупоранд.
Шакли мантиқии ин қиёс чунин аст:
Р
М S
Ҳамаи М – Р аст.
Баъзе М – S аст.
Баъзе S - Р аст.
Аз расм маълум аст, ки қиёс дуруст аст.
Дар шакли чаҳорум ҳадди миёна дар муқаддимаи калон ба ҷои предикат ва дар муқаддимаи хурд ба ҷои субъект меояд. Ин шакл акси шакли якум мебошад.
Қоидаи шакли чаҳорум:
- Агар муқаддимаи калон тасдиқӣ (А,J) бошад, он гоҳ муқаддимаи хурд бояд куллӣ (А,Е) шавад; 2. Агар яке аз муқаддимаҳо инкорӣ (Е,О) бошад, он гоҳ муқаддимаи калон бояд ҳукми куллӣ (А.Е) шавад.
Маслан: Баъзе асарҳои манзум асарҳои фалсафӣ мебошанд.
Ҳамаи асарҳои фалсафӣ асарҳои мафкуравианд.
Баъзе асарҳои мафкуравӣ асарҳои манзум мебошанд.
Шакли мантиқии ин қиёс чунин аст:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё