Мантиқ

Баъзе Р – М аст. Р М
Ҳамаи М – S аст.
Баъзе S – Р аст. М S
S Р
Шакли чаҳорум дар муҳокимаҳо кам истифода мешавад. Ҳар гуна қиёси шакли чаҳорумро ба шакли якум овардан мумкин аст.
Ибни Сино шакли чаҳорумро қиёси ғайритабиӣ номидааст. Лекин шакли мазкур дар асарҳои Котибии Қазвинӣ, Фахруддини Розӣ ва махсусан, Насируиддини Тўсӣ амиқу пурра таҳқиқ шудааст.
Таъкид кардан ҷоиз аст, ки таърифи қиёс, шаклҳо ва қоидаҳои шаклҳои қиёс дар таъбири Ибни Сино, он чизе, ки доир ба онҳо гуфта шуд, қариб заррае ҳам фарқ намекунад. Масалан, Ибни Сино гуфтааст: «қиёс сухане аст муаллаф аз ду қазия (ҳукм), ки ҳар гоҳ ки ҳар ду пазируфта ояд, сухане
1 саввум лозим ояд, ҷуз аз ин ҳар ду».
Ў шаклҳои қиёсро чунин баён намудааст: «Ё ҳадди миёнагин маҳмул (предикат) бувад андар як муқаддима ва мавзў (субъект) андар дигар ва инро «шакли нахустин» хонанд.
Ё андар ҳар ду маҳмул бувад ва инро «шакли дуввум» хонанд
2 Ё андар ҳар ду мавзўъ бувад ва инро «шакли саввум» хонанд.
Қоидаи шаклҳо ин тавр баён гардидаанд.
Барои он, ки қиёс аз рўи шакли якум дуруст бошад, бояд муқаддимаҳо ду шарти зеринро қаноат кунонанд: «Яке он аст, ки суғрошон бояд, ки мўҷиб (тасдиқӣ) бувад ва дигар он аст, ки қуброшон бояд, ки куллӣ бувад. Ва агар
3 чунин набувад, шояд ки муқаддимаҳо рост буванд ва натиҷа дурўғ бувад».
Нисбат ба шакли дуюм навиштааст: «Шарти дурустии қиёси шакли дуввум он аст, ки яке аз мукаддама мўҷиб бувад ва яке солиб (инкорӣ) ва
4 муқаддамаи қубро ба ҳар ҳол куллӣ бувад».
Қоидаи шакли сеюм чунин баён шудааст:
«Шарти қиёсҳои ин шакл он аст, ки суғро мўҷиб бувад ҳароина ва
5 яке аз муқаддама, ҳар кадоме, ки бувад, куллӣ бувад».
Қоидаҳои умумии қиёс.
Қиёс ғайр аз қоидаҳои шаклҳо, ки онҳоро баъзан қоидаҳои махсус ҳам меноманд, боз қоидаҳоеро дорад, ки онҳо барои ҳамаи шаклҳо умумӣ мебошанд. Дар асоси дарки ин қоидаҳо намудҳои дурусти қиёсро ҷудо карда
1
Абўалӣ ибни Сино. Осори мунтахаб, ҷ. 1, с. 40
Ҳамон ҷо, с. 41.
Ҳамон ҷо.
Ҳамон ҷо.
Ҳамон ҷо. с. 42 гирифтан мумкин аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё