Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Ин гуна қоидаҳо ҳамагӣ ҳафтоанд, ки сетои онҳо нисбат ба ҳадҳо буда, чортояшон нисбат ба муқаддимаҳо мебошанд.

Қоидаҳои ҳад:
1.Ҳар як қиёс бояд фақат аз се ҳад иборат бошад.
Мисоли зеринро аз назар мегузаронем:
Шахсоне, ки имзоро қалбакӣ мекунанд, ҷинояткор мебошанд.
Ҳаккокон (гравёрҳо) имзоро қалбакӣ мекунанд.
Ҳаккокон ҷинояткор мебошанд.
Қиёси мазкур бо вуҷуди он, ки дар вай қоидаи шакл (қиёс аз рўи шакли якум аст) риоя шудааст ва муқаддимаҳо низ ҳақ мебошанд, лекин натиҷа дурўғ аст. Сабаби чунин ҳолат дар он аст, ки дар ин ҷо ба ҷои се ҳад чор ҳад омадааст, зеро мафҳуми «имзоро қалбакӣ мекунанд» дар муқаддима мафҳумҳои гуногун мебошанд.
Айнан чунин ҳолатро дар қиёси зерин низ мушоҳида қардан мумкин аст:
Он чизе, ки ту гум накардӣ, ту дорӣ.
Ту шохатро гум накардӣ.
Ту шох дорӣ.

Ф. Энгелс дар асараш «Доир ба масъалаи манзил» муҳокимаҳои як прудонистро ба тариқи зер танқид намудааст: «Модоме, ки протсенти (фоизи) барои капитал гирифта мешудагӣ бекор карда мешуда бошад, иҷорапулӣ ҳам бекор карда мешавад». «Ин тамоман ба гапи он майори пиронсоле монанд аст, ки хизматчии фидоии худро ҷеғ зада фармудааст: «Ба ман нигоҳ кунед! Мегўянд, ки шумо доктор ҳастед, - пас сари чанд гоҳ ба хонаи ман омада истед; кас зану ҳафт фарзанд дошта бошад, ҳамеша ягон одами муолиҷабоб ёфт мешавад».
Хизматчии фидоӣ: «Авф фармоед, ҷаноби майор, ман доктори фалсафа ҳастам!».
Майор: «Ин барои ман фарқ надорад, доктор – доктор аст». Гапи прудонисти мо низ ҳамин тавр аст: иҷорапулӣ ё ки протсенти барои капитал гирифта мешудагӣ – ин барои ў фарқ надорад, протсент протсент
1 аст, доктор – доктор аст».
Дар муҳокимаи мазкур калимаи «доктор» ба маънои «духтур» не, балки «доктори фалсафа» истифода шудааст, ҳол он, ки онҳо айниятдор нестанд.

Маркс К., Энгельс Ф: Асарҳои мунтахаб. Душанбе, 1963, ҷ.1, саҳ 617.

пешина
аз 262
навбатӣ