Мантиқ

Хатое, ки дар ин мисолҳо мушоҳида мешаванд, чорчанди ҳад ном дорад. Вай дар натиҷаи айният додани мафҳумҳои маъноан гуногун ба миён меояд.
2. Ҳадди миёна бояд дар яке аз муқаддимаҳо тақсимшаванда бошад (яъне бо ҳаҷми пуррааш гирифта шавад).
Ҳангоми риоя нашудани ин қоида натиҷагирӣ на ҳамеша имконпазир аст.
Масалан: Ҳамаи донишҷуёни гурўҳи мо мантиқро меомўзанд.
Назаров мантиқро меомўзад.
Назаров донишҷўи гурўҳи мо мебошад.
Дар ин ҷо ҳангоми ҳақ будани муқаддимаҳо натиҷа «Назаров донишҷўи гурўҳи мо мебошад» метавонад дурўғ бошад. Сабаб дар он аст, ки ҳар дуи муқаддима тасдиқианд ва ҳадди миёна М. – «мантиқро меомўзад» ба ҷои предикат омадааст. Мо медонем, ки дар ҳукми тасдиқӣ, предикат ҳаҷми пураашро фаро гирифта наметавонад. Бинобар ин, Назаров ҳангоми донишҷўи гурўҳи мо набуданаш ҳам мантиқро омўхта метавонад.
Чунин ҳолатро аз рўи расми зерин бо таври аёнӣ мушоҳида кардан мумкин аст:
Ҳамаи Р – М аст. р S
М
S - М аст.
S – Р аст.
Аз расм маълум мешавад, ки қиёси додашуда нодуруст аст.
3. Ҳадде, ки дар муқаддимаҳо бо ҳаҷми пуррааш гирифта нашудааст,
на бояд дар натиҷа бо ҳаҷми пуррааш гирифта шавад.
Қоидаи мазкур ба ҳадҳои канорӣ S ва Р тааллуқ дорад.
Барои мисол қиёси зеринро аз назар мегузаронем:
Ҳамаи қаллобон ҷинояткоранд.
Ин шахс қаллоб нест.
Ин шахс ҷинояткор нест.
Шакли мантиқии ин қиёсро муайян мекунем:
Ҳамаи М – Р мебошад.
S - М нест.
S - Р нест.
Р

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё