Мантиқ

Баъзе М – Р нест.
Баъзе S – Р нест.
- Аз суғрои ҷузъии тасдиқӣ ва куброи куллии инкорӣ, ки натиҷааш ҷузъии инкорӣ мешавад.
Баъзе М – Р аст.
Ҳеҷ як М- S нест.
Баъзе S – Р нест.
Чи хеле, ки мебинем, дар ҳамаи ҳолатҳо шакли сеюм натиҷаи ҷузъӣ медиҳад.
Одатан барои муайян намудани характери натиҷагириӣ тавассути қиёси содаи қатъӣ, киёси додашударо таҳлил менамоянд. Барои ин амалҳои зеринро бояд анҷом дод:
- Муайн кардани ҳадди хурд, калон ва миёна; 2. Аниқ намудани муқаддимаҳои хурд ва калон; 3. Муайян намудани шакли қиёс; 4. Муайян намудани модус (намуд); 5. Тақсимшавии истилоҳҳо (ҳадҳо) дар муқаддимаҳо ва натиҷа; 6. Характери натиҷагирӣ, яъне муайн карда шавад, ки натиҷа бо тарзи зарур, ё эҳтимолӣ бармеояд.
Таҳқиқи қиёс тавассути усулҳои мантиқи предикатҳо.
Забони мантиқи предикатҳо, ки дар § 4 боби II баён карда будем, истифода бурда, чанд навъи натиҷагирӣ, аз ҷумла қиёсро аз назар мегузаронем. Мантиқи предикатҳо имконият медиҳад, ки мо муносибати натиҷагирии мантиқӣ ва чанде муносибатҳои дигари гуфторро тавассути ҷадвали семантикӣ тасвир намоем. Инчунин, ҷадвали семантикӣ воситаест, ки бо ёрии он дурустии ин ё он формула муайян мешавад. Аз дурустии формула дар бораи он, ки гуфтори ба он мувофиқ, мантиқан ҳақ ё ки дурўғ аст, хулоса бароварда мешавад, зеро формула шакли рамзии гуфтор мебошад.
Ҷадвали семантикӣ аз ду сутун иборат аст, ки дар сутуни чап формулаҳои қиматҳояшон ҳақ ва дар сутуни рост фомулаҳои қиматҳояшон дурўғ ҷойгир мешаванд.
Барои мисол қиёсе, ки дар боло оварда будем, дида мебароем.
Баъзе асарҳои манзум асарҳои фалсафианд.
Ҳамаи асарҳои фалсафӣ асарҳои мафкуравианд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё