Мантиқ

Баъзе асарҳои мафкуравӣ асарҳои манзуманд.
Яъне: Баъзе Р – М аст ҲамаиМ – S аст
Баъзе S – Р аст.
Қиёси мазкурро тавассути забони мантиқи предикатҳо ифода намуда ҳосил мекунем:
∃х (Р(х) М(х)) х (М(х)→S (х)) ∃х (S(х) Р(х)) Барои бо ёрии ҷадвали семантикӣ муайян намудани он, ки оё натиҷа аз муқаддимаҳо бармеояд ё не, аз усули муҳокимаи хулф истифода мебарем.
Фарз мекунем, ки муқаддимаҳо ҳақ бошанду натиҷа дурўғ. Инро дар ҷадвал чунон тасвир мекунем, ки дар сутуни чап муқаддимаҳо ва дар сутуни рост формулаи ба натиҷа мувофиқ ҷойгир менамоем:
∃х (Р(х) М(х)) ∃х (S(х) Р(х))
х (М(х)→S (х))
Акнун мекўшем, ки дар асоси тахминамон ба зиддият дучор шавем, зеро агар зиддият пайдо шавад, он гоҳ метавонем гўем, ки тахмини мо нодуруст аст. Пас, хулоса баровардан мумкин, ки қиёси мазкур дуруст аст. Бо ин мақсад аввал ба муқаддимаи якум ∃х (Р(х) М(х)) назар меандозем. Агар ин формула ҳақ бошад, он гоҳ ақаллан якто объект а-ро ёфтан мумкин аст, ки ҳангоми онро ба ҷои х гузоштан формула – формулаи дуруст (яъне ҳақ) мешавад: Р(а) М(а). Бинобар ин, формулаи ҳосилшударо дар зери рақами 1 ба сутуни тарафи чапи ҷадвал менависем:
∃х (Р(х) М(х)) ∃х (S(х) Р(х))
х (М(х)→S (х))
- Р (а) М (а)
Дар қадами дуюм формулаи х(М(х)→S(х))-ро мегирем. Агар ин формула ҳақ бошад, он гоҳ барои ҳар гуна х ифодаи М(х) →S (х) дуруст мебошад. Бинобар ин, вай барои қимати х =а низ дуруст аст М(а)→ S(а).
Формулаи ҳосилшударо низ ба сутуни чапи ҷадвал дар зери рақами 2 менависем. Қадами сеюми мо аз он иборат аст, ки формулаи ∃х(S(х) Р(х)) – ро аз назар мегузаронем. Мувофиқи тахмин, формулаи мазкур дурўғ мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё