Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

∃х (Р(х) М(х)) ∃х (S(х) Р(х))
х (М(х)→S (х)) 3. S(а) Р(а)

  1. Р (а) М(а)
  2. М (а) →S(а)
    (1) (2)
    4.Р(а) М(а)
  3. S (а) Р (а)
    (1) (2)

Агар ба ҷадвал бо диққат назар андозем, дар сутуни рост формулаи Р(а) ҳаст, ки қиматаш дурўғ мебошад, вале худи ҳамин формула дар сутуни чап ҷойгир шудааст, ки қиматаш ҳақ аст. Яъне формулаи Р(а) дар як вақт ҳам дурўғ ва ҳам ҳақ мебошад, ки ин номумкин аст. Бинобар ин, дар зери сутуни (2) ду ҳат кашида, сутуни ҷадвалро сарбаста эълон мекунем.
Акнун ба сутуни (1) ҷадвал нигоҳ мекунем: дар сутуни чап формулаи М(а)→S(а) ҳаст. Формулаи мазкур мувофиқи таърифи импликатсия ҳангоми ҳақ будани S(а) ё ки дурўғ будани М(а) ҳамеша ҳақ мебошад. Бинобар ин, дар зери рақами 6 боз ду сутуни иловагӣ (3) ва (4) – ро ҳосил мекунем. Дар яке аз сутунҳои тарафи чап S(а) ва тарафи рост М(а) менависем.
Мебинем, ки формулаи S(а) ҳам дар сутуни чапи ҷадвал (3) ва ҳам дар сутуни рости ҷадвал (зери рақами 5) ҷойгир шудааст. Яке аз онҳо ҳақ буда, дигараш дурўғ аст. Ин ҳам зиддият аст. Бинобар ин, ба зери сутуни (3) ду хат мекашем. Акнун чунин ҳолатро нисбат ба формулаи М(а) дар сутуни (4) мушоҳида кардан мумкин аст. Ниҳоят, дар зери сутунҳои мазкур ду ҳат кашида ҷадвалро анҷом медиҳем.
Ба ҳамин тариқ, тахмини мо дар бораи ҳақ будани муқаддимаҳои натиҷагирии додашуда ва дурўғ будани натиҷаи он нодуруст мебошад. Зеро, дар натиҷаи чунин тахмин мо ба зиддият дучор шудем. Баъдан, чунин хулоса баровардан мумкин аст, ки муҳокимаронии зикршуда муҳокимаронии дуруст будааст.

∃х (Р(х) М(х)) ∃х (S(х) Р(х))
х (М(х)→S (х)) 3. S (а) Р(а)

  1. Р (а) М(а)
  2. М (а) →S(а)
    (1) (2)
    4.Р (а) М(а)
  3. S (а) 5. Р(а)
    (1) (2)
    (3) (3) (4)
  4. S(а) (4)
пешина
аз 262
навбатӣ