Мантиқ

6 М(а)
Қиёси мухтасар (энтимема). Қиёсе, ки ҳамаи қисмҳояш ифода ёфтааст, қиёси пурра ё мукамал ном дорад. Дар қиёси мукамал ҳама муқадима ва натиҷа баён мешавад. Аммо дар амалия аксаран қиёсҳое истифода мешаванд, ки на ҳамаи қисмҳои таркибиашон баён мегардад. Аз ин рў, қиёсҳое низ дучор мешаванд, ки як муқаддима ё натиҷа ошкоро баён нашуда, дар назар дошта мешаванд.
Қиёсе, ки дар он як муқаддима ё натиҷа ошкоро баён нашуда, дар назар дошта мешавад, замир (энтимема) ном дорад.
Замир дар намуди шакли якöми қиёси содаи қатъӣ маъмул аст.
Масалан: Ҷумҳурии Тоҷикистон конститутсияи худро дорад, зеро вай Ҷумхурии соҳибистиқлол аст. Дар ин ҷо муқаддимаи кубро (калон) «Ҳамаи Ҷумҳуриҳои соҳибистиқлол конститутсияи худро доранд» партофта шудааст. Агар ин муқаддимаро барқарор кунем, пас, қиёси шакли якум ҳосил мешавад:
Ҳамаи ҷумҳуриҳои соҳибистиқлол конститутсияи худро доранд.
Тоҷикистон – ҷумҳурии соҳибистиқлол аст
Тоҷикистон конститутсияи худро дорад.
Шакли мантиқии ин қиёс чунин аст:
Ҳамаи М – Р аст.
Ҳамаи S – М аст.
Ҳамаи S – Р аст.
Ин қиёс намуди дурусти шакли якум аст. Бинобар ин, замир низ дуруст аст.
Агар муқаддимаи хурд баён нашуда бошад, замир чунин шакл мегирад: «Тоҷикистон конститутсияи худро дорад, барои он, ки ҳамаи ҷумҳуриҳои соҳибистиқлол конститутсияи худро доранд».
Дар мисоли мазкур муқаддимаи суғро (хурд) «Тоҷикистон ҷумҳурии соҳибистиқлол аст» партофта шудааст. Агар онро бо муқаддимаи кубро ҳамроҳ намоем, пас қиёси пурра (аз рўи шакли якум) ҳосил мешавад.
Баъзан замирҳое вомехўранд, ки дар онҳо натиҷа баён намешавад.
Масалан: «Ҳамаи ҷумҳуриҳои соҳибистиқлол конститутсияи худро доранд ва Тоҷикистон ҷумҳурии соҳибистиқлол аст».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё