Мантиқ

д) Ҳамсафари Замин, ҷисмҳоеанд, ки дар гирди Замин давр мезананд.
Ҳамсафарҳои сунъии Замин ҷисмҳои сунъие мебошанд, ки дар гирди Замин давр мезананд.
е) Баъзе донишҷўён варзишгаранд. Баъзе донишҷўёни хуб варзишгари хубанд.
Машқи 8. Оё қиёсҳои зерин дурустанд? Агар дуруст набошанд, пас кадом қоидаҳои шакл ё қоидаҳои умумӣ риоя нашудааст? Муйаян намоед, ки аз муқаддимаҳои додашуда, натиҷа бо зарурат бармеояд ё на?
а) Баъзе хонандагон аъзои маҳфиланд. Ҳамаи донишҷўёнхонандагонанд. Пас, баъзе донишҷўён аъзои маҳфиланд.
б) Ҳамаи фулузот моддаҳои булурин мебошад, чун ки ҳеҷ як моддаи булурин, қаиш (пластикӣ) нест. Пас, ҳеҷ як фулуз қаиш нест.
в) Ҳар гуна зуҳуроти надстройкавӣ синфӣ мебошад. Баъзе зуҳуроти ҷамъиятӣ надстройкавӣ нест, чунки онҳо хосияти синфӣ надоранд.
г) Ҳар гуна ҷиноят аз тарафи мардум маҳкум мешавад. Ин кирдор ҷиноят нест. Пас, вай аз тарафи мардум маҳкум намешавад.
д) Ҳамаи фулузот моддаҳои барқгузаронандаанд; ҳамаи фулузот моддаҳои гармигузаронанд.
Пас, ҳамаи моддаҳои гармигузарон, барқгузаронаанд.
Машқи 9. Замирҳои зеринро то қиёси пурра барқарор намоед.
Муайян намоед, ки дар онҳо қоидаҳои қиёс риоя шудааст ё не? Собит намоед, ки натичаҳо бо зарурат бармеояд ё не?
а) Дар байни ҳар як мавҷудоти зинда ва муҳите, ки вайро иҳота кардааст, мубодилаи моддаҳо вуҷуд дорад. Пас дар байни растаниҳо ва муҳите, ки онҳоро иҳота намудааст, мубодилаи моддаҳо вуҷуд дорад.
б) Гирифтани ришва барои кори муътадилии дастгоҳи давлатӣ суиқасд мебошад, барои он, ки гирифтани ришва, ин ҷиноят аз рўи вазифа аст.
в) Мавҷуд будани аланга ин нишонаи сўхтан мебошад,бинобар ин туршшавиро сўхтан номидан мумкин нест.
г) Баъзе ҳайвоноти обӣ моҳӣ нестанд, барои он, ки онҳо ҳайвоноти хунгарманд.
д) Ин қарори суд сафедкунанда нест, барои он, ки дар вай аз вазифа озод намудани шахс таъкид шудааст.
е) Аҳмадов бевосита дар одамкушӣ бо яроқи беоташ иштирок намудааст, барои он, ки вай дар ҳамон лаҳзае, ки одам кушта шудааст, дар ҷои ҷиноят буд.
ж) Ин қиёс дуруст нест, чунки дар вай қоидаи шаклҳо риоя нашудааст.
Машқи 10. Дурустии натиҷагирии мазкурро исбот кунед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё