Мантиқ

Оё муҳокимаҳои зерин дурустанд?
а) Агар файласуф дуалист бошад, пас вай материалист нест.
Агар вай материалист набошад, пас ё диалектик, ё метафизик мебошад. Лекин вай метафизик нест. Пас, ё диалектик, ё дуалист мебошад.
б) Агар ин ҷиноятро Каримов содир карда бошад, пас вай пулҳои дўздишударо медонад. Каримов дар куҷо будани пулҳои дўздишударо намедонад, аммо ў ҷои ашёи дўздишударо медонад. Маълум шуд, ки тахминан, вақти содир шудани ин ҷиноят Каримов дар ҳамон ҷо (ҷои ҷиноят) будааст. Пас Каримов ин ҷиноятро содир накардааст.
в) Агар ин зуҳурот равонӣ бошад дар натиҷаи ба организм таъсир расондани муҳити атроф ба амал омадааст. Агар вай зуҳуроти физиологӣ бошад, пас, вай ҳам дар натиҷаи ба организм таъсир расонидани муҳити атроф ба амал омадааст. Зуҳуроти мазкур на равонӣ ва на физиологӣ мебошад. Пас, ин зуҳурот дар натиҷаи ба организм таъсир намудани муҳити атроф ба амал наомадааст.
г) Агар Ҷонс ҳамон шаб бо Смит вонамехўрд, пас ё Смит қотил будааст, ё Ҷонс дурўғ мегўяд. Агар Смит қотил набошад, пас Ҷонс ҳамон шаб бо ў вонамехўрд ва одамкўшӣ пас аз нисфи шаб ба амал меомад. Агар одамкушӣ пас аз нисфи шаб ба амал омада бошад, пас қотил Смит будааст, ё Ҷонс дурўғ мегўяд. Пас, Смит қотил будааст Машқи 6. Нисбат ба ҳукмҳои зерин амалҳои табдил ва аксро иҷро намоед.
а) Ҳеҷ як материалист идеалист нест.
б) Баъзе файласуфон диалектик нестанд.
в) Ҳамаи донишҷўён хонандагон мебошанд.
г) Баъзе илмҳо гуманитарӣ мебошанд.
Машқи 7. Дурустии натиҷагириҳои зеринро собит кунед:
- Бе истифода бурдани схемаҳои доиравӣ; 2) Тавассути схемаҳои доиравӣ.
а) Ҳамаи ширхўрҳо ҳайвони сутунмўҳрадор мебошанд. Ҳеҷ як ҳайвоне, ки сутунмўҳра надорад, ҳайвони ширхўр нест.
б) Баъзе наҳангҳоделфинанд. Баъзе ҳайвонҳое, ки делфин нестанд, наҳанг нестанд.
в) Баъзе ҳуқуқшиносон адвокат нестанд. Баъзе адвокатҳо ғайриҳуқуқшинос нестанд.
г) Баъзе ҳуқуқшиносон адвокатанд. Баъзе адвокатҳо ғайриҳуқуқшинос нестанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё