Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

БОБИ VIII. ИСБОТ ВА РАДДИЯ

Мафҳумҳои асосӣ: истидлол (далеловарӣ), тезис, далел, намоиш (демонстратсия), исбот, навъҳои исбот, раддия, навъҳои раддия, қоидаҳои исбот ва раддия.
Дар боби мазкур ҷанбаҳои мантиқии истидлол (далеловарӣ) ошкор мешавад.
Донишҷўёни факултаҳои гуманитарӣ, бояд тарз ва қоидаҳои далеловарию танқид ва исботу раддияро донанд. Ғайр аз ин, онҳо бояд хатоиҳое, ки ҳангоми мубоҳисаҳо содир мешаванд, ошкор карда тавонанд. Инчунин, аз макру ҳилаи баҳсҳо бохабар бошанд. Донистани асоси мантиқи назарияи далеловарӣ, на танҳо дар корҳои илмию омўзгорӣ, балки барои фаъолияти ҳуқуқшиносону сиёсатшиносон низ зурур аст.
Бо вуҷуди ин, бояд дар назар дошт, ки танҳо аз худ намудани қонуну қоидаҳои мантиқ, кифоя набуда, балки барои моҳирона истифода бурда тавонистани онҳо кўшидан лозим аст. Бо ин мақсад, қонуну қоидаҳои мантиқро дар баҳсу мунозираҳо, корҳои курсӣ ва рисолаҳои дипломӣ кор фармуда тавонистан натиҷаи хуб мебахшад.

§1. Истидлол (далеловарӣ) ва исбот

Ҳангоми муқаррар намудани асоснокии ин ё он фикр мо ба фикру амрҳои дигар муроҷиат менамоем, ки ҳақ будани онҳо набояд шубҳанок бошанд. Як қисми донишҳоро бевосита бо роҳи мушоҳида, озмун ва дигар навъҳои фаъолияти амалӣ инсон ҳосил карданаш мумкин аст. Барои собит намудани қисми зиёди донишҳо, мо ба донишҳое муроҷиат менамоем, ки ҳақ будани онҳо, пешакӣ муқаррар шудааст. Агар донишҳои навъи якумро донишҳои бевосита гўянд, пас донишҳои гурўҳи дўюмро донишҳои бавосита меноманд. Илми мантиқ, танҳо ҷиҳатҳои мантиқии далеловариро меомўзад.

пешина
аз 262
навбатӣ