Мантиқ

Бинобар ин, мо ҷиҳатҳои мантиқии далеловариро баён мекунем.
Далеловарии мантиқӣ, чунин таъриф карда мешавад.
Далеловарӣ (истидлол) – амалест, ки бо ёрии воситаҳои мантиқӣ ва амрҳои эътимоднок сурат гирифта, боиси мўътақид гардидани нафаре нисбат ба ҳақ будани ягон фикр мешавад.
Бояд, таъқид намуд, ки эътиқод гуфта нисбат ба ҳақ будани ягон чиз боварии комил доштанро мегўянд. Ақида низ, боварии инсон нисбат ба ҳақ будани чизе мебошад, лекин ин гуна боварӣ метавонад номукаммал бошад.
Эътиқод ва ақида, на танҳо дар асоси далеловарии мантиқӣ ва мушоҳидаю фаъолияти амалӣ, балки бо роҳи талқин кардан, инчунин дар натиҷаи ба чизе, бидуни исботу далел бовар кардан низ пайдо мешаванд. Қисмҳои таркибии далеловарии мантиқӣ чунинанд: тезис, асос, манбаъ, восита, тарз ва мақсад.
Гарчанде тезис ва мақсад қисмҳои зарурии далеловарӣ ба ҳисоб раванд ҳам, лекин онҳо дар ҷараёни далеловарӣ иштирок намекунанд. Онҳо барои далеловарӣ замина тайёр карда, онро ба анҷом мерасонанд. Аз ин рў, тезис ва мақсад қисмҳои берунии далеловарӣ ба шумор мераванд.
Асос, манбаъ, восита ва тарз – қисмҳои дохилии далеловарӣ буда, онҳо, дар ҳамаи марҳилаҳои ҷараёни далеловарӣ иштирок менамоянд.
Бояд гуфт, ки баъзе қисмҳои далеловарӣ, махсусан, тезис ва асос, ба қисмҳои мувофиқи исбот монанданд. Лекин, онҳо аз чанд ҷиҳат аз якдигар фарқ мекунанд. Ба ғайр аз ин, қисмҳои далеловарӣ, ба мисли манбаъ ва тарз дар таркиби исбот дида намешаванд. Онҳо фақат ба далеловарӣ хосанд.
Тезиси далеловарӣ гуфта, фикреро меноманд, ки он мувофики ақидаи шахси далеловаранда ҳақ бошад. Тезис ҳамеша, қабл аз далеловарӣ меояд.
Вазифаи шахси далеловаранда ё нотиқ, аз он иборат аст, ки аз силсилаи муҳокимаҳо, чун натиҷаи мантиқӣ тезисро хосил намояд.
Асоси далеловарӣ - ҳукмҳоест (фикр, аксиома ё таърифот), ки аз онҳо тезис бармеояд, аниқтараш шахси далеловар асосро ҳақ ҳисобида, аз онҳо тезисро ҳосил мекунад.
Воситаҳои далеловарӣ -усулҳо ва воситаҳоянд, ки онҳоро шахси далеловар истифода мебарад.
Тарзи далеловарӣ - амалиёти фикрии шахси далеловар, ки барои интихоби асос ва васоити далеловарӣ равона шудааст.
Тавре маълум шуд, таркиби далеловарӣ мураккаб аст. Бинобар ин, мо дар ин ҷо на ҳамаи қисмҳои таркибии далеловариро номбар кардем.
Мекўшем, ки далеловариро содаю оммафаҳм ифода намоем.
Аз ҳамин нуқтаи назар, амали далеловариро ин тавр шарҳ додан ҷоиз аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё