Мантиқ

Ҳангоми вуҷуд доштани далелҳое, ки ба натиҷаи гирифташуда зид, фарзия рад мешавад.
Маъмултарин раддияи фарзияҳои мураккаб, махсусан фарзияҳое, ки робитаи байни зуҳуроти мушоҳиданашавандаро таъбир менамоянд, усулест, онро «reduction ad absurdum» меноманд. Тавасути усули мазкур ва санҷиши амалию таҷрибавии натиҷаҳои аз фарзия бароянда фарзияи мазкур рад карда мешавад. Агар, қисми натиҷаҳое, ки аз фарзия бармеоянд, дурўғ бошанд, пас худи фарзия ё қисми он дурўғ ҳисобида мешавад. Масалан, А→С, ℸС ℸ А Ҳамин тариқ, барои ба дониши боэътимод мубаддал шудани фарзия, ҳамин миқдор натиҷаро санҷидан лозим аст, ки шарти зарурӣ ва кифояи ҳақ шумурдани фарзияро ташкил диҳад.
Ба ғайр аз ин, барои собит намудани дурустии фарзия усулҳои зерин кор фармуда мешаванд; а) бо таври дедуктивӣ аз донишҳои боэътимод баровардани фарзия; б) бевосита ошкор намудани ашё, ки мазмуни асоси фарзияро фикр дар бораи мавҷудияти ашёи мазкур ташкил менамояд; в) собит кардани асоси фарзия, ки ҳангоми пешниҳод шудани вай асоси мазкур ҳоло боэътимод набуд (масалан, агар воситаи мантиқӣ пешниҳод намудани фарзия қиёси муқаддимааш ҳукми эҳтимолӣ бошад); г) то дараҷае, ки барои дониши боэътимод кофист, васеъ кардани асоси фарзия (масалан, агар воситаи мантиқии пешниҳод намудани фарзия индуксияи нопурра бошад). Яке аз усулҳои раддияи фарзия исботи ҳукмест, ки вай инкори фарзия мебошад. Тарзи дигари исботи фарзия – ин исботи мантиқии ҳукми мунфассила аст, ки вай чунин сурат мегирад: барои исботи фарзия тамоми тахминҳои имконпазирро дар намуди ҳукми мунфасила (A v B v C v Д) навишта, онҳоро мунтазам рад мекунем. Дар натиҷа, тахмини охирине, ки боқӣ мемонад, фарзияи матлуб мебошад. Исботи мазкур аз рўи схемаи зерин сурат гирифтааст:
А v В v С v Д; ℸВ, ℸС, ℸД
А
Маълум аст, ки дар ин ҷо исботи ғайримустақим кор фармуда шудааст. Баъзан, барои исботи фарзия, онро тавассути қонуну қоидаҳои мантиқ аз донишҳои умумӣ ҳосил менамоянд.
Бояд гуфт, ки нисбат ба фарзияҳое, ки зуҳуроти иҷтимоиро фаро мегиранд, на ҳамаи усулҳои исботи дар боло нобаршударо истифода бурдан мумкин аст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо