Мантиқ

Маълум аст, ки мақсади мурофиаи судӣ ин ошкор намудани воқеаи ҷиноят ва муайян намудани шахсони ҷинояткор мебошад. Бо ин мақсад версияи умумӣ пешниҳод мешавад.
Тавассути версияи мазкур маҷмўи тамоми воқеаҳои муҳим, ки барои ҷинояти содиршуда мутааллиқанд, бояд таъбир шавад. Масалан, барои саволҳои зерин ҷавоб ёфта шавад: кадом навъи ҷиноят содир шудааст; вайро ки содир кардааст; кай, дар куҷо, дар кадом вазъият ва чигуна содир шудааст; бо кадом мақсад, дар кадом асос ва айби ҷинояткор ва ғайра.
Барои санҷиши версияи умумӣ, якчанд версияҳои чузъӣ пешниҳод мешавад, зеро бе таҳқиқи ҷиҳатҳои алоҳидаи ҷиноят, далелҳоҳо ва ҳолатҳои ҷудогона, дар бораи ҷиноят маълумоти пурраро ҳосил кардан имконнопазир аст. Ба ҳамин тариқ, агар версиҳои умумӣ самтҳои асосии версияҳои ҷузъиро муайян намоянд, пас донишҳое, ки дар асоси версияҳои ҷузъӣ ҳосил мешаванд, барои аниқу равшан ва мушаххас намудани версияҳои умумӣ хизмат мекунанд.
3. Пешниҳоди фарзияҳо. Воситаи мантиқие, ки тавассути он фарзияҳо пешниҳод мешаванд, натиҷагирии эҳтимолӣ мебошад. Масалан, натиҷагирие, ки бо ёрии он фарзия баён мешавад, дар шакли тамсил, индуксияи нопурра, усулҳои индуктивӣ муқаррар намудани робитаҳои сабабии зуҳурот, қиёси эҳтимолӣ (қиёси қатъие, ки дар он яке аз қоидаҳо вайрон шудааст ё яке аз муқаддимаҳо ҳукми эҳтимолӣ аст), дар шакли қиёсҳои шартии эҳтимолӣ ё шартию мунфасилаи эҳтимолӣ ва ғайра сурат мегирад.
Баъзан, фарзияҳо на фақат тавассути натиҷагирии эҳтимолӣ, балки бо ёрии натиҷагирии мураккаб ва «чандқабата» баён мешаванд. Навъҳои натиҷагирии мураккаб гуногунанд, яъне дар онҳо ғайр аз натиҷагирии эҳтимолӣ боз натиҷаҳои дигар мушоҳида мешаванд. Лекин, мавқеи асосиро натиҷагирии эҳтимолӣ ишғол менамояд.
Маълум, ки аз тамсил ё умуман натиҷагирии эҳтимолӣ натиҷаи эътиборнок барнамеояд. Бинобар ин, фарзияҳои дар асоси тамсил ё индуксия пешниҳодшуда исботро талаб менамоянд.
4. Тарзи исбот ва раддияи фарзияҳо. Барои собит намудани дурустии фарзияи сода вайро бояд ба воқеият муқоиса намуд. Агар, фарзия бо воқеият мувофиқат кунад, ин гуна фарзия ҳақиқӣ шуморида мешавад ва он ба назарияи илмӣ мубаддал мегардад. Баръакс, агар ба воқеият мувофиқ набошад, пас вай дурўғ буда, аз илм хориҷ мешавад.
Одатан, барои санҷидани ин ё он фарзия, аз вай бо таври дедуктивӣ, натиҷаҳои имконпазир бароварда мешавад. Сипас, натиҷаи баровардашударо бо амрҳои воқеӣ муқоиса кардан лозим аст. Агар натиҷа ба амрҳои воқеӣ мувофиқ оянд, он гоҳ дараҷаи эътимоднокии фарзия боз ҳам баландтар мешавад, ё худ тахмини мо ба дониши боэътимод мубаддал мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ