Мантиқ

Масалан, усули раддияи мантиқиро фақат, нисбат ба фарзияҳои сода кор фармудан имконпазир аст. Тарзи исботи ғайримустақим (яъне апогогӣ) – ро, фақат дар мавриде истифода бурдан мумкин аст, агар номбар кардани ҳамаи сабабҳои фарзия имконпазир бошад. Ниҳоят, нисбат ба фарзияҳои умумитарину муҳимтарини зуҳуроти иҷтимоӣ кор фармудани исботи навъи сеюм имконнопазир аст.
Саволе ба миён меояд, ки фарзияҳои мураккаб, ки дар бораи зуҳуроти иҷтимоӣ, аз ҷумла фарзияҳое, ки пас аз исбот ба худ ҳолати назарияро мегиранд, чи хел исбот мешаванд? Одатан, пурра исбот намудани ин гуна фарзияҳо имконнопазиранд. Пас аз исбот чунин фарзияҳо ба ҳақиқати нисбӣ мубаддал мешаванд. Лекин, онҳо дар худ ҳақиқати мутлақро низ доранд, зеро нуктаҳои асосии онҳо, бо мурури замон ба як сў партофта намешаванд, балки возеҳу равшан мешаванд.
Фарзияҳои мазкурро фаъолияти амалии одамон собит менамояд.
Натиҷае, ки аз онҳо бармеояд, танҳо дар амалия санҷида мешаванд. Ҳангоми баровардани натиҷа, фактҳое, ки тавассути онҳо таъбир мешаванд, метавонанд ҳоло номаълум бошанд, зеро далелҳо аксаран баъд муқаррар мешавад. Албатта, чунин ҳолат боиси баланд шудани дараҷаи эътимоди фарзия мешавад. Ба ҳамин тариқ, вобаста ба қобилияти таъбирии фарзия, дараҷаи эҳтимолии он вусъат меёбад. Ғайр аз ин, фарзияи мураккаб инкон медиҳад, ки нишонаҳои муҳимтарини зуҳуроти тадқиқшаванда ошкор шавад.
Агар донистани нишона боиси дар амалия ошкор намудани зуҳурот гардад, он гоҳ дараҷаи эътимоди фарзия меафзояд. Тасдиқи як зумра натиҷаи аз фарзия бароянда ва ошкор намудани баъзе ҷиҳати онҳо, ки дар амалия истифода мешаванд, асло маънои онро надоранд, ки фарзияи мазкур боэътимод шуморида шавад. Барои тасдиқи фарзия лозим аст, ки аз он ҳарчи зиёдтар натиҷаи гуногун бароварда, робитаи байни онҳо муқаррар шавад. Ин имкон медиҳад, ки дар асоси қонуни гузариши тағйироти миқдорӣ ба тағйироти сифатӣ лаҳзаҳои ҳақиқати мутлақ ва нисбӣ ошкор шавад. Фарзияи мазкур, дар оянда боз ҳам аниқу равшан мегардад, лекин нуктаҳои асосии он бояд ба назарияи маълум мувофиқ бошад.
Ҳамин тариқ, барои санҷидани фарзияи пешниҳодшуда аз вай натиҷаи имконпазирро баровардан лозим аст. Сипас, бояд муқаррар намуд, ки натиҷаи мазкур ба амалия мувофиқат мекунад ё не. Агар санҷиш собит намояд, ки натиҷа дуруст аст, пас фарзия низ дуруст ҳисобида мешавад. Дар ҳолати акс, фарзия нодуруст аст.
Агар, фарзия аз қонунҳои муайян бо таври дедуктивӣ чун натиҷа бароварда шавад, пас, онро назарияи илмӣ ҳисобидан мумкин аст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо