Мантиқ

§3. Назария
Одатан, дар маърифати илмӣ ду зинаро ҷудо мекунанд: маърифати таҷрибавӣ (эмпирикӣ) ва назариявӣ. Дар зинаи якум, маълумот доир ба ашёи тадқиқшаванда ҷамъ шуда, онҳоро тавассути ҷадвал, схема, график ва ғайра мураттаб месозанд. Баъзан дар зинаи мазкур ҳатто қонунҳо баён карда мешаванд, лекин хусусияти қонунҳо гипотетикӣ буда, онҳо таъбир ва асоснок карданро талаб менамоянд.
Дар зинаи дўюм бошад, воқеият дар шакли назария инъикос мешавад.
Калимаи «назария» мисли бисёр калимаҳои забони табиӣ, сермаъно мебошад. Мо, дар ин ҷо, ду маънои онро таъкид мекунем. Назария дар маънои васеаш тафаккурро ифода мекунад. Ҳангоми байни фаъолияти амалию ашёвӣ ва фикрӣ, фарқ гузоштан маънои васеи назария кор фармуда мешавад. Калимаи «назария» дар мантиқ ба маънои хос истифода мешавад.
Дар маънои мазкур низ чанд таърифи назарияро дучор кардан мумкин аст.
Масалан, баъзан назария гуфта, маҷмўи ҷумлаҳоеро меноманд, ки ҳар яке аз онҳо аз дигараш бармеояд. Ин таъриф ноаниқу нопурра аст. Барои он, ки на ҳамаи ҷумлаҳои назария яке аз дигаре бар меоянд. Таърифи мазкур, барои он нопурра аст, ки дар он танҳо як ҷиҳати таъриф, яъне ҷиҳати мантиқии шакли он инъикос ёфтааст. Таърифи дигарро аз назар мегузаронем. Назария – маҷмўи ҷумлаҳоест, ки нисбат ба яке, ҳосил шудани онҳо аз дигаре маҳдуд аст. Дар ин таъриф як зумра хосияти муҳими назария ба эътибор гирифта нашудааст. Баъзан, мо бо таърифи остенсивии назария дучор мешавем.
Масалан, назария – ин назарияи нисбӣ ё назарияи Дарвин дар бораи пайдоиши намудҳост. Дар таърифи остенсивӣ нишонаҳои фарқкунандаи назарияҳо ошкор карда намешаванд.
Албатта, ҳеҷ гуна таъриф моҳияти ашёро пурра ошкор карда наметавонад. Лекин, ба ҳар ҳол, нишонаҳои асосии моҳияти ашёро собит кардан мумкин аст. Назария бояд ин тавр таъриф шавад.
Назария – дониши боэътимодест (дар маънои диалектикиаш), ки соҳаи муайяни воқеиятро фаро гирифта, тавассути мафҳум ва тасдиқоти зуҳуроти соҳаи мазкур таъбиру пешгўӣ мешаванд. Чи хеле, ки мебинем, нишонаи муҳимтарини назария, дониши боэътимод будани вай мебошад. Гарчанде назария бо маънои пурраю қатъияш ҳақиқати мутлақ набошад ҳам, асос ва як қисми дигари он асосноканд, яъне нуктаҳои исботшударо ташкил менамоянд. Мазмуни асосии назария ин аст, ки он дар оянда раднашаванда аст.
На ҳамаи файласуфон эътимодро нишонаи зарурии назария ҳисоб мекунанд. Насбат ба ин масъала ду ақида вуҷуд дорад:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо