Мантиқ

Ақидаи якум – ақидаи файласуфони марксист аст. Баъзе марксистон чунин мешуморанд: ин ё он таълимот, ки ба назарияи маълум дохил мешаванд, метавонад боэътимод набошад. Яъне, сонитар собит мешавад, ки онҳо дониши эътиборнок нестанд. Бо вуҷуди он, онҳо чунин ҳисоб мекунанд, ки вазифаи илм – бунёди назарияҳо аст.
Ақидаи дуюм – ақидаи идеалистони субъективӣ мебошад. Тарафдорони ақидаи мазкур (позитивистони мантиқӣ, прагматикҳо, конвенсионалистҳо ва дигарон) даъво мекунанд, ки гўё назария инъикоси воқеияти реалӣ нест. Онҳо назарияро ҳамчун олати маърифат таъбир менамоянд. Ба андешаи онҳо, бартарии як назария аз назарияи дигар дар он аст, ки он олати муносиби маърифат бошад. Масалан, онҳо чунин мешуморанд, ки «системаи олам»-и Коперник аз «системаи олам»-и Батлимус дида, саҳеҳтар аст, зеро назарияи Коперник барои маърифат нисбатан мувофиқ аст.
Эътимоднокӣ ҷиҳати муҳими назария ба шумор меравад, зеро маҳз бо ҳамин нишонаи худ назария аз фарзия фарқ мекунад. Инъикоси воқеият дар назария тавассути амсилаҳо - «моделҳо» сурат мегирад. Дар ин ҷо, амсилаҳоро силсилаи объектҳои идеализатсияшуда ташкил медиҳанд.
Объектҳои мазкур, дар асоси усули махсуси маърифат, ки онро идеализатсия (иғроқ) меноманд, ба вуҷуд меоянд. Ҳангоми идеализатсия дар асоси донишҳое, ки нисбат ба объектҳои мавҷуда дорем, мафҳум ва объектҳое ба миён меоянд, ки дар воқеият вуҷуд надоранд ва вуҷуд ҳам дошта наметавонанд. Лекин, онҳо аз рўи якчанд ҷиҳати худ ба объектҳои воқеӣ монанданд. Дар ҷараёни идеализатсия аз нишонаҳои зарурии ашё сарфи назар карда, ба вай нишонаҳое мансуб дониста мешавад, ки дар ҳақиқат ба ашё мутааллиқ нестанд. Дар бисёр мавридҳо асоси идеализатсияро, нишонаҳое ташкил медиҳанд, ки аз рўи дараҷаи худ тағйир меёбанд.
Масалан, тағйири андозаи ҷисм, баланд ё пастшавии ранги ашё ва ғайра. Дар асоси фикран тағйир додани хосиятҳои мазкур мафҳумҳои «ҷисми беандоза»
ё «ҷисми рангаш мутлақ сиёҳ» ба вуҷуд меоянд, ки ин гуна ҷисмҳо дар воқеият вуҷуд надоранд. Мисоли объектҳои идеализатсияшуда инҳоянд:
«нуқта» ва «хатти рост» дар геометрия (дар олами реалӣ ягон объекте нест, ки дарозӣ, бар ва баландӣ надошта бошад), «нуқта» дар механика, «ҷисми мутлақ сиёҳ» дар физика ва ғайра.
Объектҳои идеализатсияшуда дар илмҳои ҷамъиятӣ, масалан иқтисодиёт, низ кор фармуда мешаванд.
Агар тавассути мафҳумҳои назария объектҳои идеализатсияшуда таъмим ё ҷудо шавад, гуфтору тасдиқоти назария силсилаи объектҳоеро тасвир менамоянд, ки амсилаи объектҳои реалӣ мебошанд. Нишонаҳои амсила ба силсилаи объектҳо кўчонида мешаванд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо