Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Объектҳои идеализатсияшуда ба зинаи назариявии маърифат хосанд.
Бинобар ин, онҳоро объектҳои назариявии илмҳо низ меноманд. Объектҳои идеализатсиянашуда объектҳои зинаи таҷрибавии маърифатро ташкил медиҳанд.
Агар объектҳои таҷрибавӣ порчаи воқеиятро ташкил диҳанд, пас объектҳои назариявӣ дар олами воқеӣ вуҷуд надоранд. Аз ин рў, объектҳои назариявӣ таҷдиди (реконструксияи) мантиқии объектҳои эмпирикиро ташкил медиҳанд. Масалан, «нуқта», «ҷисми мутлақан сахт»-объектҳои назарӣ, лекин «миз», «масофаи байни Замину Моҳ» ва ғайра объектҳои эмпирикӣ мебошанд.
Тафовути байни объектҳо боиси он мегардад, ки дар илм низ ду намуди истилоҳ – эмпирикӣ ва назариявӣ, аз якдигар фарқ мешавад. Истилоҳҳои эмпирикиро дар бисёр мавридҳо истилоҳҳои мушоҳида низ мегўянд, зеро онҳо объектҳои мушоҳидашавандаро ифода менамоянд. Истилоҳҳои назариявӣ бошанд объектҳои мушоҳиданашавандаро ифода мекунанд.
Бинобар ин, дар илмҳо, ду навъи ҷумлаҳоро бояд фарқ кард: ҷумлаҳои эмпирикӣ ва назариявӣ. Ҷумлаҳои эмпирикӣ, гуфта чунин ҷумлаҳоро меноманд, ки ба онҳо истилоҳҳои назариявӣ дохил намешаванд. Агар ба таркиби онҳо истилоҳҳои назариявӣ дохил шаванд, он гоҳ ин гуна ҷумлаҳоро ҷумлаҳои назариявӣ меноманд.
Яке аз хусусиятҳои муҳимтарини назария, қобилияти пешгўи мебошад. Дар он, ба воқеият муроҷиат накарда, аз донишҳои мабодии мавҷуда тавассути воситаҳои мантиқӣ донишҳои наву тоза бароварда мешаванд. Ин, яке аз шартҳои арзиши пешгўӣ доштани назария аст.
Назария, на танҳо доираи муайяни зуҳуротро тасвир мекунад, балки таъбири онҳоро низ медиҳад. Назария воситаи бо таври дедуктивӣ ва индуктивӣ, мураттаб сохтани фактҳои эмпирикист.
Тавассути назария, чунин муносибати байни гуфтору қонунҳо муқаррар мегардад, ки берун аз назария мушоҳида намешаванд. Масалан, натиҷагирии дедуктивӣ ва индуктивӣ. Назария имкон медиҳад, ки қонунҳо ва фарзияҳои гуногуни эмпирикӣ муттаҳид шавад. Бо ҳамин васила онҳо таъмим мегарданд. Чунин шакли мураттабсозии қонуну фарзияҳо, ба он оварда мерасонад, ки барои аз қонунҳои умумитарини назариявӣ, ҳамчун натиҷаҳои мантиқӣ баровардани қонунҳои маълуми эмпирикӣ ва қонунҳои нав имкон пайдо мешавад.
Дар хотима, қисмҳои таркибии назарияҳои иҷтимоиро номбар мекунем

  • асоси эмпирикии назария (донистани амрҳое, ки ин ё он илмро дар бар мегирад);
пешина
аз 262
навбатӣ