Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан
  • асоси назария, ки ба он силсилаи мафҳум, ҳукм, қонун ва принсипҳои илмӣ дохил мешаванд;
  • мантиқи назария;
  • маҷмўи натиҷаҳое, ки аз асоси назариявӣ ва эмпирикии назария бароварда мешаванд.
    ЗАМИМА

МАЪЛУМОТИ МУХТАСАР ДАР БОРАИ МАНТИҚИ КЛАССИКӢ ВА ҒАЙРИКЛАССИКӢ

Маълум аст, ки К.Маркс инқилобро «Локомотиви таърих» номида буд.
Фикри мазкур нисбат ба инқилоби илмӣ низ қобили қабул аст. Инқилоби илмӣ ба асосҳои ин ё он илм табаддулоти куллӣ дохил намуда, усулҳои нави таҳқиқи диди оламро ба миён меоварад, ки онҳо роҳҳои асосии боз ҳам такмил додани тадқиқотро таъмин менамояд. Бешубҳа, натиҷаи инқилобиҳои илмӣ буд, ки дар охирҳои асри XIX ва ибтидои асри XX назарияҳои мантиқие пайдо шуданд, ки ба худ номи мантиқи классикиро гирифтанд.
Асосгузорони мантиқи классикӣ Ҷ. Буль, А. де Морган, Ҷ. Пирс, Г. Фреге ва дигарон буданд. Дар осори онҳо тавассути усулҳои риёзӣ таҳқиқ намудани масъалаҳои мантиқ мушоҳида мешавад.
Бояд таъкид намуд, ки масъалаи мазкур, яъне омўхтани илми мантиқ бо ёрии усулҳои риёзӣ дар Аврупо, пас аз интишори барномаи Лейбнис (1646-1716) оғоз шуда, боиси ба вуҷуд омадани мантиқи риёзӣ гардид. Баъзе ҷиҳатҳои тавассути усулҳои риёзӣ таҳқиқу таҳлил намудани масъалаҳои мантиқи анъанавӣ барои мантиқшиносон ва мутафаккирони машриқзамин шинос буданд. Масалан, Насируддини Тусӣ дар китоби «Асос-ул-иқтибос»
таъкид кардааст, ки Абул Баракоти Бағдодӣ бори нахуст баъзе ҷиҳатҳои ҳукм ва қиёсро тавассути ҷадвал ва ҳарфҳо нишон додаст. Ба ҳамин васила, мантиқшиносони арабу форсизабон кўшидаанд, ки нисбат ба мантиқ амалҳои риёзии аксу таҳвилро татбиқ намоянд. Дар натиҷа мантиқ ба худ хусусияти риёзиро гирифтааст.
Татбиқи усулҳои риёзӣ (миқдорӣ) барои ба даст овардани натиҷаҳои нав, шароити мусоид фароҳам овард. Яке аз комёбиҳои назаррасе, ки мантиқшиносони асрҳои IX-XII ба даст дароварда будандҷадвалсозӣ ва намоиши масоили кайфии (сифатӣ) мантиқ бо нишонаи камии (миқдорӣ) риёзӣ аст.
Мантиқи классикӣ бештар ба таҳқиқи муҳокимаҳои риёзӣ рўй овард.
Дар натиҷаи инкишофи мантиқи классикӣ, назарияҳои нави мантиқӣ, ба вуҷуд омаданд. Бо вуҷуди он, дар қатори назарияҳои гуногуни мантиқӣ, мантиқи классикӣ – асоси мантиқи муосирро ташкил медиҳад.
Равияҳои боқимонда якҷоя ба худ номи мантиқи ғайриклассикиро гирифтанд. Баъзе аз равияҳои мазкур ҳамчун равияҳои ба мантиқи классикӣ мухолиф ва баъзеи дигарашон дар натиҷаи баҳсу мунозираҳо бо мантиқи классикӣ арзи вуҷуд намуданд.

пешина
аз 262
навбатӣ