Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Дар байни мафҳумҳои якҷошаванда муносибатҳои зерин мавҷуданд:

  1. айният ё баробарҳаҷм; 2) тобеият); 3) муносибати чилликӣ.
    Муносибати байни мафҳумҳои якҷонашаванда инҳоянд: 1) тобеияти якҷоя; 2) муқобилият; 3) зиддият (таноқиз).
    Бо мақсади дар хотир нигоҳ доштани навъҳои муносибати байни мафҳумҳо, муносибатҳои мазкурро тавассути ҷадвал тасвир менамоем.

№ Мафҳумҳои якҷошаванда Мафҳумҳои якҷонашаванда
1 Муносибати айният Муносибати тобеияти якҷоя
2 Муносибати тобеият Муносибати муқобилият
3 Муносибати чилликӣ Муносибати зиддият

Акнун навъҳои муносибати байни мафҳумҳои якҷошавандаро дида мебароем.
Мафҳумҳое, ки ҳаҷмашон ба ҳамдигар пурра мувофиқанд, мафҳумҳои айниятдор (баробарҳаҷм) ном доранд. Масалан, мафҳумҳои «мавҷудоти зинда, ки нармаи гўши он мулоим аст» ва «мавҷудоти зинда, ки дорои сухани сареҳ аст» дар муносибати айният мебошанд.
Агар ҳаҷми мафҳуми якумро бо ёрии доираи А ва ҳаҷми мафҳуми дуюмро бо доираи В тасвир намоем,онгоҳ муносибати ин мафҳумҳоро чунин тасвир кардан мумкин аст (расми 1):
А, В
Дар ин ҷо доираҳо болои якдигар меафтанд.
Агар ҳаҷми як мафҳум пурра ба ҳаҷми мафҳуми дигар дохил шавад (лекин на баръакс), он гоҳ мегўянд, Расми 1.
ки мафҳумҳои мазкур дар муносибати тобеият аст.
Масалан мафҳумҳои «ҳуқуқшинос» (А) ва «адвокат» А В

  • (В) дар муносибати тобеият мебошанд.
    Муносибати мазкур тавассути доираҳо дар расми 2 тасвир шудааст. Расми 2 Мафҳуме, ки ҳаҷмаш калон аст (дар мисоли мо ҳуқуқшинос), мафҳумҳои тобеъкунанда ва мафҳуме,ки ҳаҷмаш хурд аст (адвокат) мафҳуми тобеъшаванда ном дорад.
    Агар мафҳумҳои тобеъкунанда ва тобеъшаванда, мафҳумҳои куллӣ бошанд, он гоҳ мафҳуми тобеъкунандаро ҷинс ва мафҳуми тобеъшавандаро фасл ё навъ меноманд. Агар мафҳуми тобеъкунанда куллӣ ва мафҳуми тобеъшаванда фардӣ бошад, он гоҳ мафҳуми куллиро фасл ё навъ ва мафҳуми фардиро фард мегўянд.
    Ду мафҳуме, ки ҳаҷмашон қисман бо якдигар А В мувофиқанд, мафҳумҳои чилликӣ меноманд. Масалан,
пешина
аз 262
навбатӣ