Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

мафҳумҳои «донишҷў» (А) ва «варзишгар»
-В дар муносибати чилликианд. Муносибати мазкур дар расми 3 тасвир шудааст: Расми 3 Акнун навъҳои муносибати байни мафҳумҳои якҷонашавандаро дида мебароем. Агар ду ва ё зиёда мафҳумҳои якҷонашаванда нисбат ба як мафҳуми ҷинсӣ дар муносибати тобеият бошанд, он гоҳ мегўянд, ки ин мафҳумҳо муносибати тобеияти якҷоя доранд.
Бо ибораи дигар гўем, ду ва ё зиёд мафҳумҳое, ки ҳаҷми онҳо унсурҳои умуми надошта нисбат ба мафҳуми дигар дар муносибати тобеиятанд мафҳумҳои тобеияти якҷоя мебошанд.
Дар ин маврид, мафҳуми ҷинсии барои онҳо умумӣ А нисбат ба ҳар як мафҳуми тобеияти якҷоя, мафҳуми тобеъкунанда мебошад. В С Масалан, мафҳумҳои «ришвахўрӣ»-(В) ва «бо роҳи ғайриқонунӣ паҳн шудани маводи муқадир – (С) нисбат ба мафҳуми «ҷиноят» -(А) дар муносибати Расми 4 тобеияти якҷоя мебошанд. Муносибати тобеияти якҷоя дар расми 4 тасвир шудааст.
Агар унсурҳои ҳаҷми як мафҳум дорои нишонаҳо бошанд, ки ба нишонаҳои унсурҳои ҳаҷми мафҳуми дигар мухолиф бошанд, он гоҳ мегўянд, ки мафҳумҳои мазкур нисбат ба якдигар дар муносибати муқобил мебошанд. Масалан, «сиёҳӣ» ва «сафедӣ», «гармӣ» ва «хунукӣ», « калон» ва «хурд». Нишонаҳои мухолиф дар як вақт ва дар як нисбат ба як чиз тааллуқ дошта наметавонанд, зеро ашёе ҳаст, ки ба он ҳеҷ кадом аз нишонаҳои мухолиф мутаалиқ нестанд ва онҳо ба ҳаҷми мафҳуме дохил мешаванд, ки унсурҳои ҳаҷми онро ашёи дорои нишонаҳои мухолиф ташкил менамояд.
Таъкид кардан ҷоиз аст, ки ҳаҷми мафҳуми ҷинсиро танҳо бо ҳаҷми мафҳумҳои муқобил тавсиф кардан мумкин нест, зеро дар он унсурҳое ҳастанд, ки ба ҳаҷми мафҳумҳои муқобил дохил намешаванд.
Масалан, мафҳумҳои «чизи сафед» -(В) ва А «чизи сиёҳ» - (С) мафҳумҳои муқобил мебошанд. А В С Агар мафҳуми «чизе, ки дорои ягон хел ранг мебошад» - ро бо (А) ишора намоем, пас муносибати байни мафҳумҳои (А), (В) ва (С) – ро ин тавр тасвир кардан мумкин аст.
Агар дар яке аз мафҳумҳо ашё дар асоси як зумра Расми 5 нишонаҳои ба онҳо мансуб ҷудо карда шуда, дар мафҳуми дигар ин нишонаҳо истисно шаванд, он гоҳ мегўянд, ки мафҳумҳои мазкур байни ҳамдигар дар муносибати зиддиятанд.

пешина
аз 262
навбатӣ