Мантиқ

Таърифи ноошкор шакли мазкурро надорад.
Навъи асосии таърифи ошкор таъриф тавассути ҷинси наздик ва фасл мебошад, ки он чанд хел мешавад: а) таърифи атрибутивӣ; б) таърифи генетикӣ (ирсӣ); в) таърифи оператсионалӣ.
Навъҳои асосии таърифи ноошкор:
а) аз рўи муносибат; б) таърифи констектуалӣматнӣ; в) таърифи аксиомавӣ; г) таърифи индуктивӣ; д) таърифи рекурсивӣ; е) таъриф аз рўи абстрактсия.
- Таърифи ошкор.
Таъриф тавассути ҷинси наздик ва фасл ва онро баъзан таъриф тавассути ҷинси наздик ва нишонаи навъӣ низ меноманд. Дар ин қабил таъриф ба ҷои пурра номбар шудани нишонаҳои чиз, танҳо ба ин ё он гурўҳ мансуб будани онро таъкид мекунанд. Ба ғайр аз ин ба нишонае таъкид карда мешавад, ки ба туфайли он чизи таърифшаванда аз дигар ашёи ин гурўҳ фарқ менамояд. Таъриф тавассути ҷинси наздик ва фасл (яъне нишонаи фаслсоз) аз рўи схемаи зерин сурат мегирад; барои таърифи ягон чиз ё мафҳум, пеш аз ҳама, бояд ҷинси наздики онро муқаррар кард. Зеро чизи таърифшаванда ба ҳаҷми мафҳуми ҷинси наздик тааллуқ дорад; сипас, дар дохили ҷинси наздик нишонаҳои фаслсози чизи таърифшавандаро аниқ мекунанд. Зеро ҳар як мафҳуми ҷинсӣ (ҷинси наздик) метавонад якчанд мафҳуми навъиро фаро гирад ва онҳо аз якдигар маҳз аз рўи нишонаҳои фаслсозаш фарқ мекунанд. Бинобар ин, барои мафҳуми навъии таърифшавандаро аз дигар навъҳои ҷинси наздик фарқ кардан, нишонаи навъӣ ё аниқтараш нишонаҳои фаслсози онро муқаррар намудан лозим аст.
Таърифи мазкурро бо мисолҳои зерин шарҳ медиҳем; «Капитализм чунин форматсияи иҷтимоию иқтисодиест, ки дар он муомилоти молии шакли олӣ ҳукмрон аст ва қувваи корӣ низ дар он ба мол табдил ёфтааст». Дар ин мисол «форматсияи иҷтимоию иқтисодӣ» ҷинси наздик мебошад. Фасли он мафҳуми таърифшавандаи «капитализм» ва нишонаи фаслсозаш, ки аз рўи он «капитализм» аз дигар фаслҳо (масалан феодализм, ғуломдорӣ ва ғайра) фарқ менамояд, ба шумор меравад. Дар ин таъриф нишонаҳои «муомилоти моли шакли олӣ ҳукмрон будан», «қувваи корӣ ба мол табдил ёфтан»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё