Мантиқ

Масалан, истилоҳи «философия» аз калимаҳои юнонии «филио» – дўст медорам ва «софия» - ҳикмат иборат буда, маънояш ҳикматдўстӣ мебошад. Барои таърифҳои номиналӣ иштирок доштани калимаҳои «номида мешавад» ва «ном дорад» дар таркиби таъриф хос мебошад.
б) Таърифи реалӣ(воқеӣ). Таъкид кардан ҷоиз аст, ки таърифи реалӣ ба ду савол ҷавоб медиҳад: 1. «Маънои истилоҳ чӣ гуна аст»? 2. Чизҳое, ки тавассути истилоҳ ифода шудаанд, чӣ гунаанд?
Одатан таърифҳои реалӣ дар мавридҳои зерин истифода мешаванд;
- агар, қимати истилоҳ маълум бошад, лекин маънояш (мафҳум) не;
- агар қимати истилоҳ қисман маълум набошад ва маънояш ё маълум набошад ё, ки қисман маълум бошад;
- агар ҳам қимат ва ҳам маънои истилоҳ маълум бошад, лекин ҷудо кардани нишонаҳои муҳими ашё талаб шуда бошад ва ғайра.
Барои муқоиса таърифи номиналиро дида мебароем. Таърифи номиналӣ фақат ба як савол ҷавоб медиҳанд: «Маънои истилоҳи мазкур чӣ гуна аст?». Тавре, ки дар боло зикр намудем, таърифи номиналӣ қарордодест дар бораи истифодаи истилоҳ, яъне барои ифодаи ашё (чиз) ягон истилоҳ шартан қабул мешавад. Аз ин, рў, нисбат ба таърифи номиналӣ гуфтан мумкин нест, ки онҳо ҳақ ё дурўғ, дуруст ё нодурустанд. Масалан, агар мо шартан усулҳои оддитарини маърифатро усулҳои маърифат номем, пас истифодаи калимаҳои «ҳақ» ё «дурўғ» ва «дуруст» ё «нодуруст» нисбат ба ин қарордодҳо раво нест.
Таърифҳои реалӣ ҳукманд, бинобар ин, онҳо ҳақ ё дурўғ шуда метавонанд. Агар дар онҳо чизҳо дуруст тавсиф шуда бошанд, он гоҳ таърифро таърифи дуруст (ё ҳақ) мегўянд. Ва агар чизҳо нодуруст тавсиф шуда бошанд, пас таърифи реалиро дурўғ меноманд.
Аксаран таърифҳои номиналиро аз таърифҳои реалӣ аз рўи порчаи дахлдори матн фарқ менамоянд. Агар дар таркиби таъриф мисли калимаҳои «ифодаи мазкурро ба маънои зерин истифода мебарем» дучор гардад, пас маълум аст, ки ин қабил таърифҳо, таърифи номиналианд.
Таърифҳои номиналӣ ва реалӣ дар ҷараёни маърифат вазифаҳои гуногунро иҷро менамоянд.
Таърифҳоро аз рўи шакл (яъне тарзи ошкор кардани нишонаҳои ашёи таърифшаванда) бо ду навъ ҷудо мекунанд: таърифи ошкор ва ноошкор.
Таърифи ошкор – он таърифест, ки сохти зеринро дорад: «А-В мебошад» ё «А аст, агар ва агар фақат В бошад». Дар ин ҷо: А – ифодаи таърифшаванда, В – таърифкунанда аст. Мафҳуми таърифшавандаро, одатан, дефиниендум (аз калимаи лот “definiendum” – таърифшаванда) ва таърифкунандаро – дефиниенс (аз калимаи лот “definiens” - таърифкунанда) меноманд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё