Мантиқ

Нишонаҳои фаслсози мазкур, ба ҳамагуна мафҳумҳои «кўл» ва «капитализм» мансуб набуда, мувофиқан танҳо ба баъзе кўлҳо ё зинаи импералистии инкишофи капитализм хосанд. Ин хатогии «таърифи ниҳоят маҳдуд» аст.
Мислоҳои дигарро дида мебароем. Агар мо мафҳуми «марг»-ро ҳамчун «интиҳои табии ҳамаи мавҷудоти зинда» таъриф диҳем, пас марги ғайритабиӣ куҷо мешавад? Агар мо мафҳуми «виҷдон»-ро ҳамчун «нисбат ба кирдорҳои содир кардааш дар назди худ масъул шудани шахс» таъриф кунем, пас масъулияти вай дар назди ҷамъият куҷо шуд?
в) «Таърифи чилликӣ» он аст, ки дар байни ҳаҷми мафҳуми таърифшаванда ва таърифкунанда муносибати чилликӣ ҷой дорад. Масалан «файласуф – шахсест, ки методолгияи илмиро кор карда мебарояд».
г) Хатое, ки ба схемаи охирин мувофиқ аст, дар ҷараёни маърифат бисёр кам вомехўрад. Аз ҳамин сабаб, вай ном ҳам надорад.
Қоидаи дуюм. Таъриф набояд давр занад. Агар ин қоида риоя нашавад, хатое ба миён меояд, ки онро «таърифи доирашакл» ё ки «таърифи даврзананда» меноманд. Моҳияти он чунин аст: дfd тавассути дfn таъриф дода мешавад, вале дfn дар навбати худ бевосита ё бавосита тавассути дfd муайян мешавад. Аниқтараш, ҳангоми таъриф намудани як мафҳум мафҳуми дигареро истифода мебаранд, ки худи он дар навбати худ ба воситаи мафҳуми аввала таъриф мешавад. Масалан, «Мантиқ – илм дар бораи тафаккури дуруст буда, тафаккури дуруст гуфта тафаккури мантиқиро меноманд»; «Даврзанӣ гуфта ҳаракати нуқтаро дар атрофи меҳвари худ меноманд, меҳвар хатти ростест, ки дар атрофии он даврзанӣ ба амал меояд». Яке аз қаҳрамонони асари «Бемории бардурўғ»-и Молер сабаби қувваи хобовар доштани афюнро ин тавр шарҳ медиҳад: «Афюн барои он хобовар аст, ки дорои қувваи хобоварӣ мебошад ва афюн барои он қувваи хобоварӣ дорад, ки хобовар аст».
Ин гуна хатоӣ, дар китобҳои дарсӣ низ дида мешавад. Масалан, дар як қатор китобҳои фалсафӣ категорияи моҳият ҳамчун маҷмўи робитаҳои дохилию зарурии объект муайян шудааст. Зарурат бошад, чун ҷиҳат ва робитаҳоест, ки тавассути моҳияти объект муқаррар мешаванд. Шакли махсуси таърифи даврзанандаро тавтология ё худ «ҳамон тавассути ҳамон»
бо лотинӣ «idem per idem» меноманд. Дар таърифоти тавтологӣ ба ҷои мафҳумҳои таърифкунанда (дfn) дар таъриф худи мафҳуми таърифшаванда (дfd) такрор мешавад. Масалан: «Одами диндор шахсест, ки эътиқоди динӣ дорад». «Иртиҷопараст, шахси дорои эътиқоди иртиҷоӣ аст», «давлати сотсиалистӣ чунин давлатест, ки дар он сотсиализм сохта шудааст».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё