Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

«Имконият чизест, ки мумкин ба миён ояд, мумкин наояд», «миқдор - ҷиҳати миқдории чизҳоро тавсиф менамояд», «риёзиёт илмест, ки бо он риёзидонҳо машғуланд» ва амсоли он. Дар бораи ин қабил хатогиҳо дар урфият мегўянд: «равғани равғанин». Ин такрори хушку холӣ ё тавтология мебошад.
Ибни Сино, қоидаҳои таъриф ва сабаби руй додани хатоҳоро басо муфассал таҳқиқ намудааст. Нисбат ба таърифи даврзананда ў навишта буд:
Чизеро бишносанд ба он чиз, ки ба вай шинохта нашавад, чунон, ки гўянд андар ҳадди Офтоб, ки: «Офтоб он ситора аст, ки ба рўз барояд». Пас Офтобро ба рўз шиносонанд ва нашояд, ки касе рўзро бишносад илло бо Офтоб, зеро, ки ба ҳақиқат рўз он замон бувад, ки Офтоб андар вай баромада бувад. Пас, чун Офтоб мушкил бувад рўз мушкил бувад, балки мушкилтар
1 бувад».
Мантиқшиноси тоҷик «тавтология»-ро чунин баррасӣ намудааст.
Баъзан, «чизро ҳам ба худ шиносонанд, чунон, ки андар замон гўянд, ки «Замон муддати ҷунбиш аст». Ва муддату замон як чиз бувад ва он касро, ки ҳадди замон мушкил бувад, ҳам ўро ҳадди муддат мушкил бувад. Ва
2 пурсидани вай, ки замон чист? – пурсидани вай бувад, ки муддат чист?
Дар «Ишорот ва танбеҳот» таъкид шудааст, ки муаррифон баъзан «таърифи чиз ба нафси худаш кунанд, чунон, ки гўянд, ки: «ҳаракат нақлат аст» ва «инсон ҳайвони башарӣ аст» таърифи чиз бад он кунанд, ки нашносанд илло ба он чиз, ё мусарраҳ (маълум) ё музмар (ниҳон). Аммо мусарраҳ, чунонки гўянд, ки «кайфият он бошад, ки бад он мушобаҳат ва номушоҳабат уфтад ва натавонад таърифи мушобаҳат кардан илло бадон, ки иттифоқ аст дар кайфият. Ва аммо музмар, чунонки муаррафун биҳи (таърифшаванда) ба охири кор ба худ шинохта шавад. чунонки гўянд, ки «ду завҷи аввал аст». Пас гўянд, ки ду ададе аст, ки мунқасим бошад ба тасовӣ».
Он гаҳ мутасавиёнро таъриф кунанд ба ду чизе, ки аз эшон ҳар яке мутобиқи дигар аст, он гоҳ гўянд, ки «чиз ва чиз дуи аст» зеро, ки лобуд бошад
3 истеъмоли дуи ҳар ду чизе, аз он рўй, ки ду чизанд.
Қоидаи сеюм. Таъриф бояд возеҳу аниқ бошад. Қоидаи мазкур талаб мекунад, ки ҳангоми таъриф додан бояд мазмуни мафҳуми таърифшаванда (дfd) тавассути мафҳумҳои таърифкунанда (дfn) возеҳ ва аниқ, ки дорои ду маъно нестанд, муқаррар шавад. Аниқтараш, дар ҳайати таърифкунанда, калимаҳои шарҳноталаб таъкид гарданд. Вагарна, лозим меояд, ки худи

Абўалӣ ибни Сино. Осори мунтахаб, ҷ. 1, саҳ.34.
Ҳамон ҷо: саҳ 33.
Ҳамон ҷо: саҳ 150-151.

пешина
аз 262
навбатӣ