Мантиқ

таърифкунанда боз таъриф шавад. Риоя накардани қоидаи мазкур боиси хатои мантиқие мегардад, ки он «таърифи чизи номаълум ба воситаи номаълум» ё «таърифи Х тавассути У» ном дорад. Дар ҳамаи мавридҳо ин таъриф «таърифи ноаниқ шуда» мемонад.
Мисолҳои таърифи ноаниқ инҳоанд; «аҳкомпараст – схоласт аст», «скептисизм таълимоти фалсафиест, ки ба агностисизм наздик аст», «зебоӣ қиёфаи фардию такрорнашавандаи ҷинсист», «ахлоқи касбии афсари тоҷик гуфта зоҳиршавии куллиро дар махсус меноманд» ва ғайра. Дар ин мисолҳо худи мафҳумҳои таърифкунанда «схоласт», «агностисизм», «қиёфаи фардию такрорнашавандаи ҷинсӣ ва зоҳиршавии кулл дар махсус» мўҳтоҷи таърифанд. Масалан, касе, ки фалсафаро надонад гумон аст, ки маънои схоласт ё агностисизмро бифаҳмад.
Дар ин бобат Ибни Сино навишта буд; «Чизеро ба чизе шиносонанд, ки он чиз ҳамчун вай бувад ба пўшидагӣ ва пайдоӣ, чунонки гўянд, ки «сиёҳӣ онгуна аст,ки зидди сапедӣ аст». Ва ин авлотар нест аз он, ки гўянд, ки сапедӣ он гуна аст, ки зидди сиёҳи аст, ки сиёҳию сапедӣ ба як ҷойгаҳанд андар пўшидагию пайдои… чизеро ба чизе аз вай пўшидатар шиносонанд, чунонки гўянд: «Андар ҳадди оташ, ки вай он ҷисм аст, ки ба нафс монанд
1 ва нафс бисёр пўшидатар аз оташ».
Фикри мазкур дар «Ишорот ва танбеҳот» низ тасреҳ ёфтааст: «таърифи ҷизе ба чизе кунанд, ки монанди якдигар бошанд дар маърифат ва ҷаҳолат.
Чунон, ки касе гўяд, ки: «Завҷ ададе аст, ки на фард аст», ё таърифи чизе ба чизе кунад, ки аз он пўшидатар бошад. Чунон, чӣ гўянд, ки: «Оташ устуқусе
2 аст монанди нафс ва нафс пўшидатар аст аз оташ».
Ибни Сино ҳолатҳои гуногунро таҳқиқу ҷамъбаст намуда навиштааст:
«Ҳар чизе, ки ношинохта бувад ва хоҳӣ, ки шинохта кунӣ ба чизе кунӣ, ки аз
3 вай шинохтатар бувад ва илло ҳеҷ фоида набувад».
Барои он ки таъриф дар бораи чизи таърифшаванда маълумоти пурра диҳад ва ба доираи васеи одамон фаҳмо бошад, бояд тавассути истилоҳҳои муайяни якмаънодор возеҳу аниқ тасреҳ ёбад.
Баъзан ба ҷои таъриф ибораҳои маҷозию истиорагӣ, ғарибу мустаорро ба кор мебаранд, ки таърифи мафҳум шуда наметавонанд. Албатта, ибораҳои маҷозӣ то андозае барои тавзеҳии мафҳуми таърифшаванда хизмат карда метавонанд, лекин таърифи дорои ибораҳои маҷозӣ возеҳу аниқ шуда наметавонад. Масалан; «Такрор модари дониш аст», «Шер – шоҳи ҳайвонот аст», «Кўдакон – гули ҳаётанд», «Риёзиёт маликаи илмҳост» ва ҳоказо.
Ҳамон ҷо: саҳ 33-34.
Ҳамон ҷо: саҳ 150.
Ҳамон ҷо: саҳ 33.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё