Мантиқ

фасл, яъне моҳияти чизҳои дар мафҳуми таърифшаванда инъикосшавандаро ифода менамояд.
Дарки моҳият ниҳоят масъалаи мушкил аст, зеро дар зери зуҳурот ниҳон аст. Ғайр аз ин, бо мақсади дарки амиқи ашё ё зуҳурот, ҳангоми маърифат аз дарки моҳияти тартиби якум ба моҳияти тартиби дуюм ва ҳоказо мегузаранд. Баъзан чунин ҷараён беинтиҳо давом мекунад.
Ҳангоми таъриф бошад мекўшанд, ки моҳияти амиқтарини чиз ошкор шавад. Моҳияти амиқтарини чизро маҷмўи чунин нишонаҳои муҳим ташкил мекунанд, ки тавассути онҳо тамоми нишонаҳои муҳими боқимонда (ва баъзе нишонаҳои номуҳим низ баён) мешаванд.
Дарки моҳият барои истифодаи усули диалектикии маърифат мусоидат мекунад, ки ин усул аз принсипҳо, қоидаҳои умумии методологӣ ва шаклҳои диалектикию мантиқии маърифат, инчунин фаъолияти амалӣ иборат аст. Ҷаҳонфаҳмии диалектик, вазифаи методологиро низ иҷро карда метавонад. Принсипҳои усули диалектикӣ, дар навбати худ, принсипҳои диалектикию мантиқии таърифанд, ки чанде аз онҳоро мо дар §2 боби II баён карда будем.
§ 8. Тақсими мафҳум ва навъҳои он.
Тақсим, амали мантиқӣ доир ба қимати истилоҳ, аз ҷумла, дар бораи ҳаҷми мафҳумҳост. Ҳангоми таҳқиқи ин ё он мафҳум барои мо лозим меояд, ки ҳаҷми он ошкор шавад. Аниқтараш, масъала ин тавр гузошта мешавад:
чизҳое дар мафҳум инъикос шуда ба гурўҳҳои алоҳида тақсим шаванд.
Масалан, барои таҳқиқи моҳияти «давлати истисморӣ» лозим меояд, ки навъҳои таърихии он (ғуломдорӣ», феодалӣ ва буржуазӣ) ҷудо шавад.
Амали мантиқие, ки тавассути он ҳаҷми мафҳум ошкор мешавад, тақсим ном дорад.
Тақсим ду хел мешавад: таксономӣ (юн. taxis- бо тартиб ҷойгиршавӣ ва «nomos» - қонун) ва мереологӣ (юн. «meros» - қисм, ҷузъ ва «logos»-таълимот).
Тақсими таксономӣ гуфта навъи тақсимро меноманд, ки дар он ҳаҷми мафҳум аз рўи нишонаи муайян ба гурўҳ ҷудо мешавад. Нишонае, ки аз рўи он тақсим сурат мегирад, асоси тақсим ном дорад. Масалан шартномаҳо аз рўи «ба итмомрасии ҳуқуқиашон» ба шартномаҳои пешакӣ ва пурра (қатъӣ) тақсим мешаванд.
Мафҳуме, ки ҳаҷмаш ба гурўҳҳо тақсим мешавад, мафҳуми тақсимшаванда ном дошта, мафҳумҳое, ки дар натиҷаи тақсим ба амал меоянд, узвҳои тақсим ном доранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё