Мантиқ

Тақсими мереологӣ ду хел мешавад:
- аз рўи тағйири нишонаи фаслсоз; 2) дихотомӣ.
Тақсими мафҳум аз рўи тағйири нишонаи навъӣ. Агар гурўҳбандӣ (яъне ҷудо кардани узвҳои тақсим) дар асоси тағйири нишонаи муайян сурат гирад, ин гуна тақсимро «тақсим аз рўи тағйири нишонаи фаслсоз»
меноманд. Масалан давлати истисмориро дар асоси тағйири тарзи истеҳсолот ба давлатҳои ғуломдорӣ, феодалӣ ва буржуазӣ тақсим кардан мумкин аст. Одамонро аз рўи синну сол, дараҷаи маълумот ва ғайра, ба гурўҳҳо тақсим менамоянд.
Мафҳуми тақсимшаванда нисбат ба узвҳои тақсим ҷинс буда, узвҳои тақсим фасл мебошанд. Узвҳои тақсим, дар баъзе мавридҳо мафҳумҳои фард низ шуда метавонанд. Аксаран тақсим аз рўи тағйири нишонаи фаслсоз тавре сурат мегирад, ки ба нишонаҳои фаслсози мафҳуми ибтидоӣ нишонаҳои нав илова карда мешаванд ва онҳо ба баъзе чизҳои ҷинс хос буда, ба дигарашон хос нестанд. Ба ҳамин минвол нишонаҳои фаслсоз тағйир дода мешаванд.
Масалан, яке аз нишонаҳои давлати истисморӣ мавҷуд будани моликияти хусусӣ нисбат ба воситаҳои истеҳсолот мебошад. Ҳангоми тақсим ба нишонаи мазкур мунтазам нишонаҳои махсуси давлатҳои ғуломдорӣ, феодалӣ ва буржуазӣ илова шудан мегирад.
Ба ҳамин тариқ, агар мафҳуми ибтидоӣ дорои намуди хА(х) бошад пас, нишонаҳои фаслсози (нишонаи навъӣ) узвҳои тақсимро ин тавр ифода кардан мумкин аст:
A(x)B1(x), A(x)B2(x), A(x)B3(x).
Дар ин ҷо, А(х) – нишонаи фаслсози мафҳум мебошад. Мисоли дигар, тақсими одамон аз рўи маълумот. Мафҳум «шахсе, ки дорои ягон хел маълумот мебошад»-ро мегирем. Мафҳуми мазкурро тавассути забони мантиқи предикатҳо ифода мекунем: x∃yR(x,y). Ин формуларо чунин хондан мумкин аст: «Шахсе, ки дорои ягон хел маълумот мебошад». Бигузор a1,a2,a3- аломатҳое бошанд, ки тавассути онҳо мо мувофиқан истилоҳҳои «маълумоти миёнаи нопурра», «маълумоти миёна» ва «маълумоти олӣ»-ро ишора мекунем. Дар натиҷа, фаслҳои мафҳуми тақсимшавандаро чунин тасвир кардан мумкин аст:
xR(x,a1),xR(x,a2),xR(x,a3)
Агар, бо ибораи дигар гўем, тағйири нишонаҳои фаслсози мафҳум ҳархела мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё