Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Фаслҳои дар натиҷаи тақсими мафҳуми ибтидоӣ ҳосилшуда метавонанд боз тақсим шаванд. дар чунин мавридҳо тақсимро тақсими серзина меноманд. Масалан, давлатҳои ғуломдорӣ, феодалӣ ва буржуазиро дар навбати худ, аз рўи сохти давлатдорӣ ба давлатҳои унитарӣ (таъсиси давлати ягона), федератсия (аз ҷиҳати ҳуқуқ муттаҳид шудани давлатҳои нисбатан мустақил – ҷумҳуриҳо, иёлотҳо, заминҳо ва ғайра ё худ шакли давлатдорӣ, ки мувофиқи он ҳар як узви федератсия соҳиби конститутсия, қонунгузорӣ, мақомоти суд ва ғайра буда, дар айни ҳол, ҳама якҷоя мақомоти федералии ҳокимияти давлатиро таъсис менамоянд ва як хел шаҳрвандӣ, як хел пул ва ғайра доранд) ва конфедератсия (иттиҳодияи давлатию ҳуқуқӣ) тақсим кардан мумкин аст.
Тақсими дихотомӣ. Ин навъи тақсим ҳаҷми мафҳумро ба ду гурўҳ ҷудо мекунад, ки мафҳумҳои онҳо дар муносибати тоззоданд. Калимаи «дихотомия» аз калимаи юнонии dichotomia гирифта шуда, маънояш «ду ҳисса кардан» аст. Масалан: моддаҳо ба моддаҳои органикӣ ва ғайриорганикӣ тақсим мешаванд. Тақсими дихотомӣ низ серзина шуда метавонад.
Таъкид кардан ҷоиз аст, ки амали ба қисмҳои таркиби ҷудо намудани ашё ё амали таҳлилро аз тақсими таксономӣ бояд фарқ кард. Аввалҳо таҳлил гуфта ба қисмҳои таркибӣ ҷудо намудани ашёро меномиданд. Баъдтар фикран ба қисмҳо ҷудо кардани чизро меномидагӣ шуданд.
Дар тақсими таксономӣ муносибати байни мафҳуми тақсимшаванда ва узвҳои тақсим (ҳаҷми онҳо) ҳамчун муносибати «ҷинс - фасл» сурат мегирад.
Муносибати мазкур (таксономӣ) сабаби ин номро гирифтани тақсим гардидааст (Таксономия – мувофиқи қонуният ҷойгиршавии чиз мебошад).
Истиллоҳи мазкур аз илми биология гирифта шудааст ва он ҷо таснифи объектҳо аз рўи схемаи « ҷинс - фасл» маъмул аст. Бинобар, ин мувофиқи ин терминология, ҳаҷми мафҳумҳои навъиро баъзан таксонҳо низ меноманд.
Дар байни натиҷаҳои таҳлил ва объекти ибтидоӣ муносибати «ҷузъ – кулл (том)» ҷой дорад, ки онро муносибати мереологӣ меноманд. Истилоҳи мереология ба туфайли тадқиқоти мантиқшиносӣ голландӣ С. Лесневский маъмул гардид. Ў мереология гуфта фасли мантиқро номидааст, ки дар он муносибати мазкур тавсиф мешавад.
Дар мантиқи имрўза, тақсим гуфта на танҳо тақсими таксономиро, балки аз рўи муносибати «кулл – ҷузъ» ба қисмҳо тақсим карданро низ меноманд. Ин гуна тақсим тақсими мереологӣ номида мешавад. Мисоли тақсими мереологӣ Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ректорат, 14 факулта ва қисмҳои хизмати хоҷагӣ шуда метавонад.

пешина
аз 262
навбатӣ