Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

а). Ҳайвонот сутунмўҳрадор ва бесутунмўҳра мешаванд.
б). Сол ба 12 моҳ тақсим мешавад.
в). Кунҷҳо ба кунҷҳои тез, кунд ва рост тақсим мешавад.
г). Биноҳо якошёна ва бисёрошёна мешаванд.
д). Донишгоҳ ба факултетҳо тақсим мешавад.
е). Курраи замин ба нимкураи шарқӣ ва ғарбӣ тақсим мешавад.
ё). Ҳамагӣ 35 мамлакат иштирокчии Маҷлиси бехатарӣ ва ҳамкории давлатҳои Аврупо буданд.
ж) Зиддиятҳо антагонистӣ ва ғайриантагонистӣ мешаванд.
з) Метр ба сантиметрҳо тақсим мешавад.
6. Муайян намоед, ки дар мисолҳои зерин қоидаҳои тақсим риоя шудааст ё не? Ба кадом хатогӣ роҳ дода шудааст?
а. Чоркунҷаҳо ба ромбҳо, квадратҳо ва росткунҷаҳо тақсим мешаванд.
б. Шартномаҳо, даҳонӣ, хаттӣ ва бепул мешаванд.
в. Ҷиноятҳо барқасдона, ноэҳтиётона ва хизматӣ мешаванд.
г. Ҷангал ба ҷангали дарахтони паҳнбарг, ҷангали коҷ, ҷангали омехта ва ҷангали санавбарзор тақсим мешавад д. Илмҳо гуманитарӣ ва табиӣ мешавад.
е. Ҳайвонот ба ҳайвонҳои ваҳшӣ, алафхўр, ҳама чиз хўр ва ширхўр тақсим мешаванд.
ё. Одамон ба мардҳо, занҳо ва кўдакон тақсим мешаванд.
ж. Хонандагони мактаби миёна аз духтарбачагон ва мактаббачагон тақсим мешаванд.
з. Навъҳои ҳуқуқро ҳуқуқи ҷиноӣ, ҷиноии протсесуалӣ ва ислоҳи меҳнатӣ ташкил медиҳанд.
и. Метеоритҳо оҳанӣ, сангӣ ва омехта мешаванд.
к. Созишномаҳо, яктарафа, дутарафа, бисёртарафа, ва хаттӣ мешаванд.
л. Секунҷаҳо баробарпаҳлў, баробартараф ва гуногунтараф мешаванд.
м. Ҷиноятҳо ба ҷиноятҳои ошкоркарданашуда ва барқасдона ҷудо мешаванд.
н. Пурсиш аз пурсиши шоҳид, ҷабрдида ва айбдоршаванда иборат аст.
7. Навъ ва сохти таърифҳои зеринро муайян намоед:
а. Квадрат паралелограммест, ки тарафҳояш баробар ва кунҷҳояш рост мебошад.
б. Лапиши ҳаракатест,ки пас аз фосилаҳои муайяни вақт айнан ё тақрибан такрор мешавад.
в. Мантиқ калимаи арабӣ буда маънояш « нутқ» аст г.

пешина
аз 262
навбатӣ