Мантиқ

Шуур - хосияти материяи олиташкил буда, олами берунаро дар образҳои идеалӣ инъикос менамояд.
д. Конъюнксия бо аломати () - ишора карда мешавад е. Сатҳи силиндрӣ гуфта сатҳеро меноманд, ки дар натиҷаи ҳаракати хати росте, ки дар давоми ҳаракат ба худ параллел мемонад, ба вуҷуд меояд.
ё. Суръати рўшноиро бо С ишора мекунанд.
ж. Сиёсат ин амалиёти мақомоти давлатӣ, ки сохти ҷамъият ва иқтисодии мамлакатро муайян карда инчунин, фаъолияти ҳизбҳо, синфҳо ва гурўҳҳо ташкилоти ҷамъиятӣ мебошад, ки мақсаду мароми онҳоро ифода менамояд.
Намунаи ҳал; мисоли 1. Таъриф аз рўи ҷинси наздик ва нишонаи фаслсоз (яъне нишонаи навъӣ) «Квадрат» (мафҳуми таърифшаванда), «параллелограмм- ҷинси наздик «тарафҳояш баробар ва кунҷҳояш рост» - нишонаи навъӣ.
Машқи 1. Таърифҳои зеринро санҷед. Дар ҳолати нодуруст будани таъриф хатогии онро нишон диҳед.
- Ҷамъият – гурўҳи одамон.
- Астрономия илм дар бораи ситораҳост.
- Мантиқ илм дар бораи тафаккур аст.
- Градус - 1/90 ҳиссаи кунҷи рост мебошад.
- Кунҷе, ки ба 90 баробар аст, кунҷи рост меноманд.
- Санъат навъи махсуси шуури ҷамъиятӣ ва фаъолияти инсон буда, олами берунаро дар шакли образҳои (нақшҳои) маънавӣ инъикос менамояд.
- Квадрат ромб нест.
- Зиндагӣ маҷмўаи бешу камист.
- Бо таъсири рўшноӣ аз фулузот канда шудани электронҳоро фотоэффект меноманд.
- Амперметр - асбоби физикӣ буда, барои чен кардани қувваи ҷараён истифода мешавад.
- Ҳукм ҷумлаест,ки фикрро тасдиқ ё инкор мекунад.
Намунаи ҳал: Мисоли 1. Таъриф маҳдуд аст, чунки ҳаҷми дfd аз ҳаҷми дfn калон мебошад, яъне дfd > дfn. Ҷамъиятро на танҳо гурўҳи одамон, балки одамон бо фаъолияти якҷояи амалии худ ташкил медиҳад.
Машқи 2. Дар мисолҳои зерин навъҳои тақсим ва сохти (мафҳуми тақсимшаванда,узвҳои тақсим ва асоси тақсим) –ро нишон диҳед.
Автомобилҳо сабукрав ва боркаш мешаванд. Ҷиноятҳо барқасдона ва беэҳтиётона мешаванд. Мафҳумҳо фардӣ ва куллӣ мешаванд. Истеҳсолот ба истеҳсол намудани воситаҳои истеҳсолӣ ва чизҳои истеъмолӣ тақсим мешавад. Аломатҳои пулӣ ба металлӣ ва коғазин тақсим мешаванд. Таърихи инсоният ба таърихи қадим, таърихи асримиёнагӣ ва таърихи наву навтарин тақсим мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё