33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа
11.03.99
Давлати Сомониён
Давлати сомониён буд давлати озодагон,
Давлати мардони дониш пешвои тоҷикон.
Пуштибони олиму шоиру ҳам аҳли ҳунар,
Ҳомиёни ваҳдату барҳамзани дасти бадон.
Рӯдакӣ дар аҳди Сомон буд шоҳи шоирон,
Соҳиби девони аввал, фахри Фазли он замон.
Пири Тусу «Шоҳнома» ёфт аз эшон зиё,
Шаст ҳазораш дод доди шоирӣ дар ду ҷаҳон.
Ҳеҷ кас чун «Шоҳнома» ҳеҷ вақт он сон нагуфт,
Чунки будаш такягоҳу баргу соз аз ҳомиён.
Пури Сино он ҳакими бемисолу безавол,
Ҳаст шоир, ҳаст олим файласуфи ҳамадон.
Тибби олам ёфт парру бол ҳам нашъунамо,
«Алқонун», «Ашшифо» нӯшдоруе ба ҷон.
Мардумони бохирадро ҷамъ карда дар Ватан,
Сохта як давлати пурқудрат андар он замон.
Ҳам шуҷоат, ҳам адолат, ҳам хирад ҳам пандро,
Ҳар чи ҳаст омӯзу гир аз давлати Сомониён.
«Чархи гардун» 2.09.1999.
Раҳмати Ҳақ бод бар Шамси Раҳим!
Ба дӯсти ҷавонмаргам Шамсиддин – бародари ҷаҳонпаҳлавон Саидмӯъмин Раҳимов мебахшам, ки дар садамаи автомобилӣ, ҳалок шуд.
Мактаббачагони аз ронандагӣ ноогоҳ, ки барои занги охирин шуда, автомошинаи падарашонро барои дилхушӣ гирифта буданд, бо Шамсиддин бархӯрданд. Ӯ бузург буд, зеро баъди марги ӯ, ки ҳамаро мутаассир сохт, як расмиёти басо нангин – занги охирин аз тарафи ҳукумат барҳам дода шуд. Худо ӯро биёмурзад!
Сад дареғи бозуву болои ту,
Сад дареғи қомати зебои ту,
Сад дареғи чашму абрӯи сиёҳ,
Сад дареғи паҳлавониҳои ту.
Раҳмати Ҳақ бар ту, эй Шамси Раҳим!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё