Зеҳн
33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Шамси мо, дигар намегирӣ хабар.
Шамси мо, дигар наметобӣ саҳар,
Дар ғуруби охирин кардӣ гузар,
Боварам не, ки намеоӣ дигар.
Раҳмати Ҳақ бар ту, эй Шамси Раҳим!

Ифтихори қавму авлоди Раҳим,
Гавҳаре дар чашми ношоди Раҳим,
Довари майдони нангу ор ту,
Пояи номуси аҷдоди Раҳим.
Раҳмати Ҳақ бар ту, эй Шамси Раҳим!

Ҷамъи ёрон аз ғами ту сӯхтанд,
Қавму хешон ҷомаи ғам дӯхтанд,
Деҳи Ҷорубқул шуда мотамсаро,
Дар ҷавонӣ сер шуд аз мо, чаро?
Раҳмати Ҳақ бар ту, эй Шамси Раҳим!

Баски эмонат қавӣ буд, устувор,
Фарри Эзад дар ҷабинат пойдор.
Босаховат бонамозу рӯзадор,
Боғи ҷаннат хоҳамат аз Кирдигор,
Раҳмати Ҳақ бар ту, эй Шамси Раҳим!
«Чархи гардун»\21.06.07

Ҳазлҳои солинавӣ
Ба СССР
Аҷаб шаҳомат дорӣ,
Бо як утоқи корӣ,
Чун ганҷи дар вайрона,
Ба ҳама ту даркорӣ.
Ба Сайёф
СССР-ро месозад,
Фашистҳоро банд созад.
Аз барои муштзанӣ,
Ҳар саҳарӣ метозад.
Аз барои мушти 10
То накаут мебозад.

пешина
аз 161
навбатӣ