33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа
Этноними тоҷик таърихи хеле қадим дорад. Тоҷро дар қадим tog мегуфтанд. Азбаски арабҳо овози г надоранд, онро тоҷ номиданд.
Яъне тоҷ арабишуда ё муарраби tog аст. Агар чунин бошад, пас шакли таърихии тоҷик бояд togik буда бошад.
Чанд суоле ҳаст, ки ҷавоб наёфтан ба онҳо мутахассисони соҳаи таърихи забон (этимологҳо) ва таърихнигоронро ба тоҷдор маънидод шудани вожаи тоҷик ба коми шубҳаву тардид кашидааст.
Нахуст, агар шакли таърихии тоҷик togik бошад, дар дастхатҳои қадим қавме бо ин ном вомехўрад?
Мўҳтарам Ҳотам дар дастхатҳои кадимаи чинӣ, ки аз ҳуҷуми ғосибон эмин мондаанд, ёдрас шудани вожаҳои togik ва tagzik-ро қайд намуд (ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат», соли 2006). Сайфиддин Назарзода низ «Дар бораи вожаи тоҷик» ном мақолааш мавҷуд будани қавми тогик ва тагзик-ро (такя ба сарчашмаҳои мўътамад) дар манбаъҳои тибетӣ ва чинӣ зикр намудааст.
Дар «Луғатнома»-и Деҳхудо чунин омадааст, ки шоҳ Ҳурмуз ба Нўъмони араб тоҷеро тўҳфа бурд. Арабҳо то ин дам тоҷро надида буданд ва Нўъмонро зуттоҷ (соҳибтоҷ) хонданд. Чунончи: «Аз ин ки калима тоҷ аз эрониён ба тозиён расида шак нест ва чунин менамояд, ки тозиён нахустин бор тоҷӣ шоҳиро дар замони Ҳурмузи Чаҳорум (578-590 мелодӣ) дида бошанд. Ҳурмузи Чаҳоруми сосонӣ дар ҳангоми ба тахт нишондани Нўъмони Саввум, ки аз мулуки Ҳира ва аз подшоҳони дастнишондаи сосониён будаанд, тоҷе ба ў бахшид, ки шаш ҳазор дирам арзиш дошт. Ин аст, ки бархе аз шуарои араб ўро зуттоҷ (соҳибтоҷ) хонданд».
Ҳамин тавр ин вожаи тоҷикӣ ба забони арабӣ ворид шуд ва дар муштақоти арабӣ фаъол шуд, мисли тавваҷа – тоҷмонӣ, тиҷон – ҷамъи тоҷ, татвиҷ – тоҷгузорӣ ва ғайра.
Шакли аввали он яъне – togik барои он дар адабиёти хаттии ватанӣ вонамехўрад, ки тамоми дастхатҳои пешин бозмондаи зардуштӣ ё маҷусӣ қаламдод шуда, ба коми нестӣ рафтанд.
Бояд гуфт, ки калимаи тозик (араб, тозӣ ё тойӣ) аналогияи калимаи тоҷик аст ва он ҳаммаънои калимаи тоҷик нест (чи хеле ки дар луғатҳо қайд шудааст).
Суоли дигар: Чӣ чиз сабаб шуда, ки тоҷиконро дар ду луғати мўътабар «Бурҳони қотеъ» ва «Ғиёсуллуғот » тозик номидаанд?
Ворид шудан ба ислом, қабул намудани тамоми русуми аъроб аз қабили суннат ва ҷамоат, иловатан нуфуз ва обрўи ислом ва забони илм маҳсуб шудани забони арабӣ ва дигар омилҳо нависандагони моро маҷбур мекарданд, ки қавми тоҷику арабро бо кадом роҳе, ки набошад, як халқ ба қалам диҳанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё