33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа
Каюмарсро Одам (ъ), Ҷамшедро Сулаймон (ъ) ё Кайковусро Намруд нишон додани ривоятҳо низ аз ҳамин ҷо сарчашма дорад (ниг.
«Форснома»).
Максимилян Фасмер - руси немистабор дар луғати этимологии худ тоҷиконро араби муҳаммадӣ аз қабилаи тай гуфтааст. Шояд Фасмер низ такя ба Бурҳону Ғиёс карда бошад, гарчанде ки ин ду луғати тоҷикиро зикр намекунад.
Дар хусуси дар сарчашмаҳои мўътамади пештара, махсусан асрҳои Х - Х1, вохурдани вожаи тоҷик бисёр гуфтаанду навиштаанд.
Вале бисёр муҳиму ҷолиб аст, аз забони султони абарқудрати аввали асри Х1 султон Маҳмуди Ғазнавӣ вожаи тоҷикро шунидан. Чунончи дар «Таърихи Байҳақӣ» аз забони Султон Маҳмуди Ғазнавӣ ҷумлае оварда шудааст, ки султон ба иттифоқ будани тоҷикон ва муҳобокории онҳо ишорат мекунад: «…Ва овоз баровард, ки Абулҳасани Укайлиро бихонед, то мутаарриф бошад, ки ин тоҷикон ҳама яке бошанд ва муҳобо кунанд дар пайғоме, ки диҳам эшонро…»
(ниг. ба маҷмўаи «Тоҷик – тоҷдор, тоҷвар» саҳ. 63.).
Номгузории қавму миллатҳо аз рўи зинати узви аз ҳама болои инсон – сар дар бумиёни Амрикову Австралиё ва ҳиндуҳо бояд бештар бошад.
Дар тамоми даврони ҳукмронии идеологияи ислом мафҳуми миллат ба маънои имрўзааш вуҷуд надошт. Дар Қуръони Карим низ вожаи «миллат» ба маънои роҳу равиш истифода шудааст.
Мувофиқи таълимоти ислом миллати ягонаи мусулмон, ки бо номи миллати Иброҳими Халилуллоҳ ёд мешавад, тамоми қавмҳои дунёро муттаҳид мегардонад. Шояд таъсири ҳамин таълимот бошад, ки нависандагону шоирони гузаштаи мо камтар аз ин соҳа сухан кардаанд ва калимаи тоҷик низ аҳён ба чашм вомехўрад. Аммо қавму мазҳабҳо зиёд буданд. Устод Айнӣ низ тоҷиконро дар гузаштаву имрўза халқ, мардум ва қавм номидааст. Миллатро ба маънии имрӯзааш дар Осиёи Миёна Ҳукумати Шўравӣ ба миён овард.
Дар забони тоҷикӣ вожаҳое, ки мисли калимаи тоҷик дар охир ҳарфи зинат дошта бошанд, зиёд ба чашм мехўранд. Мо дар ҷадвали поён баъзеи онҳоро ба таври муқоиса меорем, чунки онҳо дар якҷоягӣ якдигарро аз ҷиҳати шаклу маъно пурра мекунанд.
Ҷадвали сохтмони вожаҳо бо пасванд ва ҳарфи зинат
Решаи ПасваМансубиҲНатиҷа
калиманди ят баарфи
калимасоззи
нат
Тоҷӣтоҷктоҷик

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё