33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа
Ин ҳарф барои арабҳо нофаҳмо, номаълум, ки буд, онро маҷҳул номиданд. Ҳатто русҳо неизвестный y (вов) гуфтаанд. Қоидаи сохтаву бофтан замони шуравӣ, ки пеш аз ҳарфҳои ҳалқӣ (ҳ ва ъ) дар ҳиҷои баста меояд, ҳеҷ асоси илмӣ надорад. Зеро дар калимаҳои, муъҷиза, муҳтарам, муҳлат, ки дар хатти арабӣ вов надоранд, хатча гузоштан, на тағйири маънӣ мекунад, на чизи дигаре. Ба ибораи дигар калимаҳои мазкурро хоҳ бо y- и хатчадор нависем, хоҳ бе хатча, маъно гум намешавад, зимнан, дар калимаҳои боло онро y- и дароз гуфтан бисёр айб аст. Муқоисаи мисолҳои кўҳна - куҳан, мўҳтасиб - муҳосиб, ки ба хотири баста ё кушода будани ҳиҷо дар якумӣ хатча ҳаст ва дар дуюмӣ нест низ сохта ба назар мерасад ва мушкилоти имлоро дучанд кардааст.
Адабиётшиносон ва арўзиён медонанд, ки y- и дароз дар шеър чист ва чӣ аҳамияте дорад. Калимаҳои дуд, дур, хун, ки дароз ҳисоб мешаванд, дар имлои имрўза бо y- и оддӣ навишта мешаванд, вале калимаҳои кўҳна, шўҳрат, сўҳбат ҳамагӣ кўтоҳанд, бо y- и дароз сабт шудаанд. Пас, ку мантиқ?!
Аз ин рў, номи ин ҳарфро y- и дароз гузоштан нодуруст аст. Пас, дар ин мақола мо онро y- и хатчадор меномем.
Тарафдорони y- и хатчадор даррав суол хоҳанд дод: гулро аз гўл чи хел фарқ кунем? Ба ин суол чунин ҷавоб аст: гулро аз гўл матн муайян мекунад. Ва он ба як навъи омонимия - омограф мубаддал шуда меравад. Чунин калимаҳо дар забон дар қисмати омонимҳо (ҳамгунҳо ё таҷнис) хеле зиёданд. Пулро (сўм) аз пул (кўпрук), дор (феъл) - ро аз дор (исм), вафот (вафоят)-ро аз вафот (мурдан) матн фарқ мегузорад, на хатчае.
Далели дуюми тарафдорони хатчаи болои у таърихӣ будани ӯ буда, аз дифтонги au сарчашма доштани он аст, мисли рӯз ва гӯш, ки аз raucha ва gausha пайдо шудаанд. Ба ин ду мислои дӯстдоштаи онҳо агар вожаҳои тухм, мардум ва хусрав-ро илова кунем, бепоя будани даъвои ишон баръало мешавад, зеро ибтидо аз ҷиҳати таърихӣ вожаҳои боло дифтонги au дошта, бо гузашти айём ба у-и кӯтоҳ табдил шудаанд. Пас талаффузи таърихӣ меъёр шуда наметавонад ва талаффузи имрӯзаи аксари форсизабонони олам авлотар аст.
Дар "Фарҳанги забони тоҷикӣ" тамоми калимаҳои бо y- и хатчадор саршаванда (ба истиснои ҷонишини ў) калимаҳои туркӣ ё арабӣ зикр шудаанд. Зимнан, ҷумлаи ўро дидамро хоҳ бо хатча ё бе хатча нависем, ҳамон як ҷонишини шахси сеюм фаҳмида мешавад.
Яъне хатчаи болои ў ҳеҷ нақше намебозад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё