Зеҳн
33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Муаллифони яке аз китобҳои дарсӣ дуруст қайд кардаанд, ки "Ҳарфи ў дар аввали калимаҳои тоҷикӣ намеояд (бо истиснои ҷонишини ў)". Пас ў - и хатчадорро кӣ талаффуз мекунад? Тамоми Эрон, Афғонистон онро талаффуз намекунанд. Он чи тавре, ки барои араб маҷҳул аст барои 70 - 80% Тоҷикистон низ номаълум аст.
Савтиётшиноси барҷастаи тоҷик марҳум Хаскашов Т. ҳанўз замони шўравӣ ба муқобили y-и хатчадор баромада буд, вале он замон амалӣ намудани ин кор бо сабабҳои маълум ниҳоят мушкил буд. Зеро ў "вазифаи муҳим"- ро иҷро мекард. Уктами Холиқназар низ ба забони тоҷикӣ бегона будани ў-ро такид карда буд (Маданияти сухан с. 238).
Дар мавриди талаффуз бояд гуфт, ки тоҷикон асосан се y талаффуз мекунанд: 1) y - и дарози таърихӣ - дуд, дур, хун; 2) y - и кўтоҳ ё замма, ки дар Ҷануби Тоҷикистон ва марказ тақрибан талаффуз намешавад - шътър, гърг, бъз; 3) y - и хатчадор, ки дар Шимоли Тоҷикистон истифода мешавад - рўз, сўз, мўй, ҷўй. Мо агар шакли талаффузии ҳар лаҳҷа ё шеваро ба назар гирифта, болои y хатчаҳои гуногун гузорем, имло ниҳоят мушкил мешавад. Аз ин рў дар забони адабии тоҷик, яъне дар алифбо як y бошад, бас аст.
Адабиётшинос дарозию кўтоҳии онро худаш муайян мекунад, дар лаҳҷаҳо чи хеле хоҳанд талаффуз кардан мегиранд. Вале мо ҳақ надорем талаффузи гуногуни лаҳҷаҳоро ба забони адабӣ бор кунем ва 70% мардуми боқимондаро маҷбур кунем, ки ўро дуруст талаффуз кунед. Чунонки дар замони шўравӣ хостанд амалӣ кунанд, вале ба он муваффақ нашуданд.
Дар хат ба хотири осонии имло як y нависем, мушкили тамоми хонандагону донишҷўён ва дохилшавандагони макотиби олӣ ва ғайра осон ва бори вазнине аз дўши миллат гирифта мешавад. Ба ғайр аз ин ҳангоми чоп дар компютер як амали барзиёд камтар хоҳад шуд.
Аз ин рў пешниҳод мекардам:

  • бо мақсади ягонагӣ дар таълим ва барҳам додани гуногуннависӣ алифбои забони тоҷикӣ дар чор сутун аз тарафи Ҳукумат тасдиқ шавад. Чунончи:
    Шакли чопии Шакли Номи Ифодаи овозии ҳарфдастнавис ҳарф ҳарф Вазорати маориф комиссияе созмон диҳад, то дар он муаллимоне, ки бевосита ба таълим сару кор доранд, шомил бошанд;
  • имлое, ки аз нуқтаи назари илмӣ, таълимӣ ва мантиқӣ беҳтару хубтар бошад, тартиб дода шавад.
    «Омӯзгор» 26.05.2006

Имло бояд осон бошад -2 Баъди дар зери таҳрири Олимҷон Маҳмадҷонов бори дуввум ба нашр расидани китобчаи "Имлои забони тоҷикӣ" (Деваштич- 2006) шод шудем, ки ғалатҳои дар нашри аввал (Ирфон- 1999) ҷойдошта ислоҳ шудаанд.

пешина
аз 161
навбатӣ