33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа
Ё ки диққат диҳед: бачаи доғдор, бачаи дар рўяш доғдор, бачаи дар рўяш доғи нағзакдор ва мисли ҳамин мисолҳо зиёданд.
Аз ин рў, барои забони мо як меъёри муайян лозим аст. Таклиф мекардам, сифатҳои сангиосиётарош ва занбўриасалпарвар низ ҷудо навишта шаванд. Мисли санги осиётарош, занбўри асалпарвар. Агар ҷузъҳои ибора илова шаванд ҳам, боке нест. Асоси феълӣ танҳо ҷузъи охирро ба худ якҷоя кунад, беҳтар аст.
Зимнан дар ибораҳои боло дуруст талаффуз кунем, ду зада ба гўш мерасад: Чунончи: Санги осиётарош, Занбўри асалпарвар.
Инҳоро дар таълим на сифати мураккаб, балки сифати таркибӣ гуфтан саҳеҳ аст. Ба ғайр аз ин асосҳои феълӣ на танҳо ибораҳои изофӣ, балки ибораҳову таркибҳои пешоянддорро низ бо худ муттаҳид месозад, ки ҳамаи онҳоро якҷоя навиштан ниҳоят имлоро гарон месозад. Мисли: Бачаи дар танаш ҷомаи гулҳои зарҳалидор (ё зарҳалипўш) ва ғ.
Омӯзгор\21.2006
Ин қаллодаи қалбакиро сарроф мебояд!!!
Дӯсти азиз Сафват!
Мақолаи Шуморо дар ҳафтаномаи «Боргоҳи сухан» (7.07.10) бо номи басо дағали (булварный) «Саймудиновҳо! Доданак бас» хондам ва натавонистам, ки қалам ба даст нагирам, чун камина дар атрофи овози фавқулодаи ӯ ва баъзе мушкилотҳои имлоии он дар ҳафтаномаҳои «Тоҷикистон» ва «Омӯзгор» изҳори назар намуда будам. Шумо низ Сафват ҳамроҳи Сайёф дар «СССР» перомуни ин овоз баҳсе доштед ва мехостед, ки ин овоз набошад ё фаромушт кардед?
Аз он ҳангомаҳое, ки дар гирди ин овоз бархостааст, бисёриҳо хаста шуда, аз баҳраш гузаштанд. То андозае ки баъзеҳо метарсанд дар атрофи ин овоз баҳс ороянд. Чаро? Зеро мо қуввати баҳс надорем, даррав ба дағалгуфторӣ гузашта, дастбагиребон мешавем ва ҳамин тавр аз дарки масъалаи асосӣ дур меравем. Ё шояд ин усуле бошад барои баъзеҳо, то камбудиҳоро ба ин восита пӯшонанд.
Ба мазмуни изҳороти раиси Кумитаи забон ва истилоҳот устод Додихудо Саймиддинов аз ВАО ва итернет - сайти Озодӣ шиносам ва дар ҳеҷ куҷо устод нагуфтаанд, ки ин ҳарфро ба ӯзбакҳо диҳем. Мо ба ҳодисаҳо бояд воқеӣ баҳо диҳем. Дар аввали калимаҳои тоҷикӣ наомадану ташхиси ҳамаи он вожаҳое, ки дар аввал ӯ доранд, вожаҳои аслии тоҷикӣ набудани онҳо шахсро ба ин гуна фикр кардан водор мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё