Зеҳн
33 мақола

Саъдӣ Маҳдӣ. Маҷмӯаи мақолоти илмӣ ва оммавӣ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 161 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дуруст, ин сабукии имло мебошад. Вале дар имло гуфта нашудааст, ки ҷумлаҳои арабӣ, номи асарҳои классикон, ки аз ибораҳои арабии сеҷузъаву чорҷузъа ва давомдор иборатанд, чӣ гуна бояд навишта шаванд. Зеро имло имлои таҳиягарони осори классикӣ низ мебошад.
Ба наздикӣ заҳмату кўшиши бузургеро анҷом дода, донишманди серғайрат Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ китоби "Равзатуссафо"- и Мирхондро чоп намуд. Баъди мутолиаи ин китоб заифии имлои мо намоён ба назар мерасад. Шояд ҳамин сабаб шуда бошад, ки муҳаққиқи таҳиягар имлои худашро мавриди истеъмол қарор додааст.
Чунончи ба номи китоб диққат диҳед: "Равзату-с-сафо фи сирати- ланбиёи ва-л-хулафо". Мувофиқи имлои нав онро бояд бе нимтире нависем.
Воқеан, аз рўи имлои нав ҷумлаи аз ҳама серистифодатарин "Бисмиллоҳирраҳмонирраҳим" якҷоя бояд навишта шавад. Мураттиби "Равзатуссафо" онро чунин овардааст: "Бисми-л-Лоҳи-р-Раҳмони-р- Раҳим". Яъне номҳои Худоро мутобиқи имлои нав бо ҳарфҳои калон навиштааст. Ба фикрам, дар мавриди ибораҳои сеҷузъа ва ҷумлаҳои арабӣ имлои худсохти Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ шоистаи дастгирист.
Зеро роҳи дигари навиштани ҷумлаҳои арабӣ вуҷуд надорад.
Дигар: Тамоми ҳиссаҳои нутқи такрор дар имло бо дефис омадаанд. Чунончи: исм -- гулдур-гулдур, милт-милт; феъл -- омадомад, давон-давон; зарф -- гоҳ-гоҳ, доман-доман, даста-даста ва ғ. Вале сифатҳои такрор якҷоя, бе дефис навишта шудаанд: ҳилҳил, парпар, рахрах. Аҷиб, ки аз рўи ин имло сифатҳои зеринро бояд якҷоя нависем. Ман себҳои калонкалонро як тараф ва себҳои хурдхурдро ба халта гузоштам.
Вале мутобиқи имло зарфҳои калон-калон бояд бо дефис оянд:
Вай калон-калон қадам мегузошт. Инак, ёбеду гиред. Вой бар ҳоли иншонавис ё диктантнавис.
Агар имрўз ягон шахси барномасози компютер, хоҳад, ки тамоми калимаҳо, ибораҳо ё ҷумлаҳои тоҷикиро ба барномаи дурустнависӣ (правописание) мисли русҳо дохил кунад, ба мушкилоти зиёде рў ба рў мешавад.
Масалан, аз рўи имлои нав сифатҳое, ки аз ибораҳои исмии изофӣ бо асоси замони ҳозираи феъл (-парвар, -пўш, -тарош, -хўр) сохта шудаанд, бояд якҷоя навишта шаванд: марди занбўриасалпарвар, устои сангиосиётарош ва ғайра (саҳ. 25). Бояд гуфт, ки дар луғат танҳо танҳо чор асоси феълӣ зикр шудааст. Аммо одами пушту паноҳдор, хешу табордор (саҳ. 26) бояд ҷудо навишта шаванд, ҳол он, ки ҳар дуро асоси феъл муттаҳид кардааст. Онро дар шакли ибораи изофӣ низ метавон овард: Одами ҷомаи пахтадор, хотиррасон бояд кард, ки ҷузъҳои ибора метавонанд тафсил ёбанд, ки ин нависандаро бештар ба иштибоҳ меандозад: Одами кулоҳи сиёҳи чарминдор.

пешина
аз 161
навбатӣ